Раванди мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

09 фев. 2017
Раванди мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви  комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.

       Бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун мақоми мхсусгардонидшуда таъсис дода шуд, ки имрӯз аз оғози фаъолияти Агентӣ 10 сол сипарӣ мегардад.

       Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид.  Баҳри амалӣ гаштани мақсаду мароми Барномаҳои мазкур Агентӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои онҳо дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳо чораҳои таъхирнопазир ва муассирро андешида истодааст.

       Дар назар аст, ки то ба анҷом расидани мӯҳлати пешбинишудаи санади барномавии миёнамуҳлати  зиддикоррупсионӣ сатҳи коррупсия дар кишвар паст гардида, шароит барои рушди иқтисодӣ, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум фароҳам оварда мешавад.

       Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, тибқи дастуру супоришҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар ин давраи фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

       Қобили қайд аст, ки тибқи таҳлилҳои Ташкилоти байналмилалии “Transparency International” Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори зиёда аз 170 давлати дунё соли 2007 дар самти дарки коррупсия дар зинаи 160-ум қарор дошта, дар соли 2015 ҷумҳурӣ дар зинаи 136-ум арзёбӣ гардидааст, ки ин маълумотҳо аз  зина ба зина паст гаштани шиддати коррупсия дар кишвар шаҳодат медиҳанд.

       Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Пешвои миллат бармеояд.

       Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

       Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2016 ироа гардид, қайд намуданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

       Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода, муқовимати шаддидро бар зидди ин падидаи номатлуб боз ҳам пурзӯр хоҳад кард. 

Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Научные публикации

(
)