9-уми декабр рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия

09 фев. 2017
9-уми декабр рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия

            Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии чунин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонад.

       Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо  дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахўриро, ки яке аз аъмоли касифи инсонист, зери танқид қарор додаанд. Пас, маълум мегардад, ки мубориза бар муқобили порахуриву ришваситонӣ реша бар умқи асрҳо дорад. 

         Дар қарни ХХ низ коррупсия ва дигар ҷиноятҳои иқтисодии ба он алоқаманд, ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудаанд. Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардидааст ва ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд.

        Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан ба фаъолияти коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, рўзи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон кушода эълон гардид.

         Бо назардошти моҳияти масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли  Созмони Миллали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид. Ин Конвенсия  ҳуҷҷате мебошад, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби давлатҳои аъзо ва меъёрҳои самти фаъолиятро ба танзим медарорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузоштааст ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.

         Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрўз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.

            Аз ҷумла,  баҳри пурзўр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирии тасарруфи моликияти давлатӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ дар 11 моҳи соли 2016 аз ҷониби Агентӣ 1766 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ба маблағи 179.917.354 сомонӣ ошкор ва ба қайд гирифта  шудааст, ки дар ин давра маблағи 89.212.118 сомонии он барқарор карда шудааст.

         Дар самти ошкор ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта санҷишҳо гузаронида шуда, 937 ҳолати ҳуқуқвайронкунии мазкур  ошкор карда шуда, ба  маблағи 759560 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд, ки аз ин 713160 сомониаш ба буҷет ворид карда шуд. 

        Дар ин давра, ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба пайдо шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат кардааст, 3121 адад дастурҳои хаттӣ ва 967 адад пешниҳодҳо ба роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ ирсол карда шуд. Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо 558 маротиба суҳбату вохўриҳо баргузор гардида, дар васоити ахбори омма 315 хабару маълумот ва мақолаҳо нашр карда шудааст.

           Баҳри таъмини саривақтии иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1504 аз 30 августи соли 2013, Агентӣ 131 санҷишҳои ҳолати иҷрои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”-ро дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо гузаронида, аз натиҷааш ба Шўрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намуд.

       Бо мақсади давра ба давра паст кардани сатҳи коррупсия ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ дар ҷумҳурӣ, Агентӣ ба роҳ мондани чорабиниҳо аз ҷумла, гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар вазорату идораҳо, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои саривақтии барномаҳои зиддикоррупсионӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баргузор намудани семинару конфронсҳо ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри баланд бардоштани мафкураи зиддикорупсионии шаҳрвандонро идома медиҳад.

           Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, бо мақсади паст кардани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷудбуда истифода менамояд.

 

Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Научные публикации

(
)