НИЗОМНОМАИ комиссияи одоби касбии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 фев. 2017

Бофармоиши Директори Агентии назорати

давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз «20» 09 соли 2016,

№ 372 тасдиқ шудааст

 

 

НИЗОМНОМАИ

комиссияи  одобикасбии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ

ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқарраротиумумӣ

    1. Комиссияи одоби касбии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд–комиссияиодоб) бо мақсади амалисозии назорат ва таъмини иҷрои талаботи Кодекси одоби касбии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, №146 тасдиқ гардидааст, таъсис дода мешавад.

    2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, №591 «Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳаи хизмати давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  (минбаъд – Агентӣ) ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

2. Сохтор ва ташкили кори комиссияи одоб

    3.Комиссияи одоб бо фармоиши Директори Агентӣ  дар ҳайати раис, котиби масъул  ва аъзои комиссияи одоб иборат аз 7 нафар таъсис дода мешавад. Номзадҳо ба ҳайати комиссияи одобҷиҳати ворид (бозхонд) ба (аз) ҳайати комиссия дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара ба Директори Агентӣ пешниҳод карда мешаванд.

    4. Фаъолияти комиссияи одоб тибқи нақшаи кории комиссияи одоб ба роҳ монда мешавад, ки он аз тарафи раиси комиссияи одоб тасдиқ карда мешавад.

    5. Аъзои комиссияи одоб дар ҷаласа бе ҳуқуқи ивазшавӣ иштирок мекунанд.

    6. Комиссияи одоб  аз рўи асосҳои зерин ҷаласа доир менамояд:

    - дастури директори Агентӣ;

    - муроҷиати кормандониАгентӣ;

    - муроҷиати хаттии шаҳрвандон;

    -дар мавриди аз тарафи комиссияи одоб ошкор намудани ҳолатҳои вайрон гардидани талаботи Кодекси одоби касбии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кодекси одоб).

    7.Ҷаласаҳои комиссияи одоб дар 3 моҳ як маротиба ва ё бемаҳдудияти муҳлат аз рўи зарурат гузаронида мешаванд.

   8. Комиссияи одоб ҷаласаи худро дар муддати 14 рўзи корӣ аз рўзи ошкор шудани ҳолатҳои вайрон гардидани талаботи Кодекси одоб мегузаронад. 

   9. Ҷаласаи комиссияи одоб ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду ҳиссаи ҳайати он иштирок дошта бошанд.

 10. Комиссияи одоб аз ҳисоби аъзои комиссия оид ба масъалаи дар ҷаласаи комиссия баррасишаванда маърўзачиро муайян менамояд ва аз шахсони дахлдор оид  ба ҳолати вайрон гардидани қоидаҳои Кодекси одоб баёнот мегирад.

 11. Комиссияи одоб дар доираи салоҳияти худ аз натиҷаи муҳокима  яке аз қарорҳои зеринро қабул намуда, ба Директори Агентӣ пешниҳод менамояд:

 - дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани хизматчии давлатӣ;

 -дар бораи фиристодани мавод ҷиҳати баррасӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ;

 - дар бораи қатъ намудани баррасӣ.

   12. Қарори комиссияи одоб дар ѓоибии хизматчии давлатӣ бо овоздиҳии аксарияти иштироккунандагони ҷаласа қабул карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо овози раиси комиссияи одоб ҳалкунанда ҳисоб меёбад.

   13. Ҳангоми рад кардани додани баёноти шифоҳӣ ё хаттӣ аз тарафи хизматчии давлатӣ, ки муқаррароти Кодекси одобро вайрон намудааст, аъзои комиссияи одоб  дар ин бора санад тартиб медиҳанд. 

   14. Рафти ҷаласаи комиссияи одоб ва қарори он бо протокол  барасмият дароварда мешавад. Дар рафти ҷаласа мумкин аст сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ истифода гарданд, ки онҳо низ ба протокол замима карда мешаванд. 

  15. Қарори қабулнамудаи Директори Агентӣ нисбат ба хизматчии давлатӣ, ки муқаррароти Кодекси одобро вайрон намудааст, дар парвандаи шахсии хизматчии давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нигоҳ дошта мешавад.

    

3. Вазифаҳои комиссияи одоб

   16.Вазифаҳои комиссияиодоб аз инҳоиборатанд:

   -амалӣ намудани назорат ва таъмини иҷрои талаботи Кодекси одоб дар Агентӣ;

   - баррасии  ҳолатҳои вайрон намудани муқаррароти Кодекси одоб аз тарафи хизматчиёни давлатӣ; 

   - гузаронидани санҷиш ва рейдҳои ногаҳонӣ дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентӣ;

   - доир намудани ҷаласаҳои комиссияи одоб;

   -гирифтани баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ аз хизматчиёни давлатии дахлдор оид ба масъалаи баррасишаванда;

   - бо тартиби муқарраргардида талаб намудани ҳуҷҷатҳо, мавод ва иттилооти дахлдор оид ба масъалаи баррасишаванда (аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо);

   -ҷалб намудани коршиносон(экспертҳо), мутахассисон ва кормандони дахлдори  мақомоти давлатӣ барои пешниҳоди хулоса;

   -баррасии шикоятҳои хизматчиёни давлатӣ нисбат ба қарорҳои комиссияи одоб;

   - машварат додан ба хизматчиёни давлатӣ оид ба масъалаҳои одоб;

   - гузаронидани чорабиниҳои  омўзишии  Кодекси одоб;

   - фаҳмондадиҳии муқаррароти  Кодекси одоб.

    а)  Вазифаҳои раиси комиссияи одоб:

   - фаъолияти  комиссияи одобро ташкил менамояд ва онро роҳбарӣ мекунад;

   - рўзномаи ҷаласаи комиссияро муайян мекунад;

   - ҷаласаи комиссияро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;

   - кормандони Агентиро, ки  баррасии масъала ба ваколати онҳо мансуб аст, ба кори комиссияи одоб ҷалб менамояд;

   - дар хусуси ворид намудан ба  ҳайати комиссияи одоб ё бозхонди аъзои он ба мушовараи Агентӣ таклиф пешниҳод менамояд;

   - ба ҳуҷҷатҳои комиссияи одоб ва протоколи ҷаласаи комиссияи одоб имзо мегузорад;

   - татбиқи вазифаҳои ба зиммаи комиссияи одоб вогузоштаро ташкил намуда, барои иҷрои самарабахши онҳо масъулияти шахсӣ дорад.

    б)  Вазифаҳои котиби комиссияи одоб:

  - кори комиссияи одобро дар мувофиқа бо раиси комиссияи одоб ташкил мекунад;

  - коргузории комиссияи одобро  пеш мебарад;

  - хизматчии давлатиро бо маводҳое, ки нисбаташ баррасӣ мегарданд, на дертар аз 3 рўз то оѓози ҷаласаи комиссияи одоб  шинос менамояд;

  - дар бораи ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаи комиссияи одоб аъзои комиссияи одоб, дигар шахсони даъватшуда ва  шахсонеро, ки нисбати онҳо ва аз рўи муроҷиати онҳо  мавод баррасӣ карда мешавад, хабардор менамояд;

  - протоколи ҷаласаи комиссияи одобро тартиб медиҳад ва ба он имзо мегузорад;

  - хизматчии давлатиро бо қарори комиссияи одоб дар давоми 1 рўзи  корӣ ва қарори директори Агентӣ дар давоми  3 рўзи корӣшинос  менамояд;

  - чорабиниҳои  омўзишии  Кодекси одобро  ташкил мекунад;

  - фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодекси  одобро ба роҳ мемонад;

  - фаъолияти комиссияи одобро тарѓиб менамояд.

4. Ҳуқуқҳои комиссияи одоб ва аъзои он

  17. Комиссияи одоб ҷиҳати ҳимояи манфиатҳо дар рафти баррасии масъала ба  хизматчии давлатии муроҷиаткунанда ва хизматчии давлатӣ, ки  талаботи  Кодекси одобро вайрон намудааст,  имконият фароҳам меорад.

 18.Дар ҳолатҳои зерин масъалаҳои баррасишавандаро ба ҷаласаи оянда мегузаронад:

   - бо сабаби иштирок надоштани аксари аъзои комиссияи одоб;

   -дар сурати иштирок накардани хизматчии давлатии муроҷиаткунанда ё хизматчии давлатӣ, ки муқаррароти Кодекси одобро вайрон намудааст;

   - бо дархости яке аз тарафҳо бо сабаби дастрас намудани маълумоти иловагӣ;

   - дар ҳолатҳои ба миён омадани зарурати омўзиши иловагӣ аз тарафи комиссияи одоб;

   - дар давраи корношоямии муваққатӣ, дар рухсатӣ ё сафари хизматӣ қарор доштани  хизматчии давлатӣ, ки муқаррароти Кодекси одобро вайрон намудааст;

   - комиссияи одоб дорои дигар ҳуқуқҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, мебошад.

    19.Ваколатҳои узви комиссияи одоб дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:

   - дар асоси аризаи хаттии аъзои комиссияи одоб;

   - қатъ гардидани шартномаи (қарордоди) меҳнатии узви комиссияи одоб.

    20. Агар талаботи Кодекси одоб аз тарафи узви комиссияи одоб вайрон карда шуда бошад, дар ин сурат ў ҳуқуқи иштирок карданро дар баррасии масъала ҳамчун узви комиссияи одоб надорад.

    21. Агар аъзои комиссияи одоб бо хизматчии давлатӣ, ки муқаррароти Кодекси одобро вайрон намудааст, алоқаи хешовандӣ дошта ё аз натиҷаи баррасии масъала манфиатдор бошад, дар баррасии масъала ҳамчун аъзои комиссияи одоб  ҳуқуқи иштирок карданро надорад.

    22. Ба протокол  раис ва котиби комиссияи одоб  имзо мегузоранд.

    23. Протоколи ҷаласаи комиссияи одоб бо зикри сана, рақам, вақт ва ҷойи гузаронидани ҷаласаи комиссияи одоб, насаб, номва номи падари аъзои комиссияи одоб ва хизматчии давлатии муроҷиаткунанда ё хизматчии давлатӣ, ки муқаррароти Кодекси одобро вайрон намудааст, масъалаи баррасишаванда, моҳияти масъала, изҳорот, тавзеҳот ва тавсияҳои аъзои комиссияи одоб тартиб дода мешавад.

     5. Муқаррароти хотимавӣ

    24. ДиректориАгентӣ дар мавриди ошкор намудани ҳолатҳои  нопуррагӣ ё вайрон кардани талаботи Кодекси одоб метавонад маводро ҷиҳати баррасии  иловагӣ ё  такрорӣ  ба комиссияи одоб  баргардонад.

    25. Нисбати  қарори комиссияи одоб  ё қарори Директори Агентӣ дар муҳлати як моҳи эътибори қонунӣ пайдо намудан ба комиссияи одоб, Директори  Агентӣ ва суд шикоят кардан мумкин аст, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.

    26. Маводҳо оид ба вайрон кардани талаботи Кодекси одоб нисбат ба аъзои комиссияи одоб, ба истиснои хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурии категорияи олӣ, аз тарафи ҳайати мушовараи Агентӣ баррасӣ карда мешаванд.

Научные публикации

(
)