В А Р А Қ А И М А Т Б У О Т Ӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи дуюми соли 2016

31 янв. 2017

      Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 як қатор корҳои муайянро ба анҷом расонидааст.

     Дар ин давра самти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 1190 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 385,6 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудааст.

     Дар доираи тафтишу санҷишҳои молиявӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 637 маводи тафтишӣ бо маблағи умумии зарари молиявӣ 241,4 млн. сомонӣ баҳри андешидани чораҳои қонунӣ фиристода шудаанд.

     Аз маблағи умумии зарари молиявӣ хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 20,0 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 40,3 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 158,3 млн. сомонӣ, зарар аз фурўш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 6,9 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 92,0 млн. сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардидаю рўйпўшнамудаи андозҳо 68,1 млн. сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар муассиса ва корхонаҳои тафтишгардида 172,6 млн. сомонӣ маблағҳо ғайримақсаднок истифода бурда шудаанд.

        Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 269,5 млн. сомонӣ ба давлат барқарор карда шуд, ки он 70,0 фоизи зарари ошкоркардашударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба буҷет 161,0 млн. сомонӣ ва ба корхонаҳо 108,6 млн. сомонӣ барқарор карда шуданд.

    Ғайр аз ин, дар натиҷаи чораҷўии мутахассисони Агентӣ аз ҳисоби маблағи бақияпулиҳои андоз 5,2 млн. сомонӣ, кам кардани маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ 1,7 млн. сомонӣ, кам кардани қарзҳои беасоси кредиторӣ 1,0 млн. сомонӣ, қарзҳои дебиторӣ  ва зерҳисобии барқароргардида 8,9 млн. сомонӣ, маблағи аз ҳисоби дигар манбаъҳо барқароркардашуда 1,8 млн. сомонӣ ва зиёдомади молу мавод 4,5 млн. сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ барқарор карда шуд.

       Дар маҷмўъ маблағҳои барқароркардашуда 292,7 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки 169,6  млн. сомонии он ба буҷети давлат ворид карда шудааст.

        Дар доираи тафтишу санҷишҳои молиявӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 637 маводи тафтишӣ бо маблағи умумии зарари молиявӣ 241,4 млн. сомонӣ баҳри андешидани чораҳои қонунӣ фиристода шудаанд.

     Дар ин давра аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1833 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки 594 адади онро ҷиноятҳои вазнин ташкил  медиҳанд.

        Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоркардашуда 437 адади он ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба ҳисоб рафта, 135 адади онро маблағҳои калон ташкил медиҳанд.    

         Инчунин 553 адад ҷиноятҳои қаллобӣ, 31 адад ҷиноятҳои саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо аз тарафи шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, 87 адад ҷиноятҳои вобаста ба порахурӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ муайян ва ошкор гардидаанд.

        Маблағи умумии зарари аз ин ҷиноятҳо ошкоргардида 187,2 млн. сомониро ташкил намуда, аз он 96,1 млн. сомонӣ барқарор карда шуда, баҳри руёнидани маблағи зарари боқимонда чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

        Содиршавии ҷиноятҳои ошкоргардида ба ВМКБ – 120адад, вилояти Хатлон – 511 адад,  вилояти Суғд 491 адад, шаҳри Душанбе 401  адад  ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 310 адад рост меояд.

      Қобил ба зикр аст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Вазорат ва сохторҳои зертобеи маориф ва илм 90 ҷиноят, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 103 ҷиноят, нақлиёт 24 ҷиноят, кишоварзӣ 13 ҷиноят, энергетика ва захираҳои об 11 ҷиноят, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 8 ҷиноят, саноат ва технологияҳои нав 7 ҷиноят, молия 1 ҷиноят, инчунин дар Кумитаҳои давлатии заминсозӣ ва геодезӣ 31 ҷиноят, ҳифзи муҳити зист 5 ҷиноят, телевизион ва радио 1 ҷиноят, меъморӣ ва сохтмон 1 ҷиноят, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо- 6 ҷиноят, ҷамъиятҳои саҳомӣ 266 ҷиноят, соҳибкорони инфиродӣ 302 ҷиноят, соҳаи бонкӣ 328 ҷиноят ва дар дигар идораву корхонаҳо 320 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

      Ҳамзамон аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 171 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир намудаанд.

       Инчунин, аз ҷониби кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 145 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст, ки аз он 57 ҷиноят ба Вазорати корҳои дохилӣ, 20 ҷиноят ба Вазорати адлия, 15 ҷиноят ба Кумитаи андоз, 12 ҷиноят ба Вазорати  мудофиа, 15  ҷиноят ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 6 ҷиноят ба Гвардияи миллӣ, 11 ҷиноят ба ҳокимияти судӣ, 2 ҷиноят ба мақомоти прокуратура, 3 ҷиноят ба Агентии назорати маводи нашъаовар ва 4 ҷиноят ба Хадамоти  гумрук рост меояд.

         Дар ин муддат 209 адад ҷиноятдар самти ғайриқонунӣ ҷудо намудан, истифода ва фурўхтани заминҳо аз тарафи шахсони мансабдор ва дигар субъектҳои ваколатдор ошкор карда шудааст.

       Дар  ин  давра аз  ҷониби  муфаттишон 779 парвандаҳои ҷиноятӣ бо дарназардошти бақия ба пешбурд қабул гардида, тафтиши пешакии 570 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 727 нафар ба  анҷом расонида шудааст.

       Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии ба анҷом расонидашуда 425 парванда нисбати 545 нафар айбдоршавандагон бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

        Аз ҷониби муфаттишони Агентӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва маводҳои бо асосҳои ғайрисафедкунанда радкардашуда ба маблағи умумии 140,0 млн. сомонӣ зарари моддӣ ошкор карда шуда, дар рафти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷиши маводҳо маблағи 78,2 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 55,8 фоизро ташкил медиҳад.

     Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Агентӣ фаъолияти худро дар самти пешгирии коррупсия боз ҳам тақвият бахшида, 1046 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда, нисбати шахсоне, ки талаботи қонунро вайрон намудаанд, ба маблағи 847,0  ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ намуданд, ки то имрўз 775,0 ҳазор сомонии он ба буҷаи давлат ворид карда шудааст.

     Кормандони Агентӣ дар ин давра дар 558 вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо вохўриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 294 маротиба баромад карда, 21 мизҳои мудаввар ва нишастҳои матбуотӣ доир намудаанд.

       Дар ин давра ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор 3121 дастури хаттӣ ва 967 пешниҳодҳо оиди бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ирсол карда шудааст.

        Дар натиҷаи баррасии дастуру пешниҳодҳои мазкур нисбати 408 нафар огоҳӣ, 392 нафар сарзаниш, 325 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 177 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

      Ҳамзамон, аз ҷониби Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 тадқиқоти маҷмўии сотсиологӣ оид ба арзёбии вазъи коррупсия ва муқаррар намудани сатҳи он дар ҳамаи шохаҳои ҳикимияти давлатӣ бо мақсади истифодаи натиҷаҳои он ҷиҳати муқаррар намудани сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар он 88 455 нафар сокинони касбу кори гуногуни ҷумҳурӣ иштирок варзида оид ба саволҳои пешниҳодгардида фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

       Аз натиҷаи ин тадқиқот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти муфассал пешниҳод карда шуд, ки он дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас  дода  шуд.

    Кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо масъулини комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд.  Аз ҷумла, таи давраи сипаришуда дар ин самт 249 ҳодисаи қонуншиканиро ошкор намуда, нисбати қонунвайронкунандагон чораандешӣ намудаанд.

     Ҷиҳати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо ба Агентӣ дар ин давра 915 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардида, ба онҳо хулосаҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

       Аз ҷумла, дар 91 адад лоиҳаҳои пешниходгардида омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани онҳо тавсияҳо дода шуданд.

       Дар давоми соли 2016 дар Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои маҳаллии Агентӣ 42895 адад ҳуҷҷатҳои воридотиву содиротӣ бақайд гирифта шудааст, ки аз ин 4105 ададашро арзу муроҷиатҳои  шаҳрвандон ташкил  медиҳад.

     Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ 1603 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, арзу шикоятҳои онҳо шунида, оиди муроҷиатҳои онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.

 

 

Маркази матбуотии

Агентии назорати давлатии молиявӣ

ва мубориза бо коррупсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Научные публикации

(
)