Гузориши мухтасар аз натиҷаи баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

02 июн. 2017
Гузориши мухтасар аз натиҷаи баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Имрӯз дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия 25 ноябри соли 2015 бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия, баланд бардоштани самаранокии фаъолият чиҳати огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

    Дар ҷаласаи мазкур таҳлил ва муҳокимаи ҳолати даст ба кирдорҳои коррупсионӣ задани кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва натиҷаи тафтишу санҷишҳои он дар солҳои 2012-2016 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

     Вобаста ба мавзӯи баррасишаванда ахбороти як қатор роҳбарони аввали вазорату идораҳо, ҳамзамон раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шунида шуд.

   Аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фаъолияти 5 солаи кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро мавриди муҳокима қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти бонк ва сохторҳои зертобеи он тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

     Дар фарҷоми ҷаласа Шӯро бо дарназардошти муҳокимарониҳо ва таклифу пешниҳодҳои баёнгардида, қарори дахлдор қабул намуд.

Научные публикации

(
)