Вохӯрии навбатии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 мар. 2017
Вохӯрии навбатии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсия вохӯрии навбатии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи С.Раҳимов баргузор гардид.

    Намояндагони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзӯи таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он дар назди ҳозирин сухан гуфтанд. Ҳамчунин, моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба ҳозирин шарҳ дода шуда, пешниҳод гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои он пеш аз ҳама роҳбарияти вазорату муассисаҳо бештар талош варзида, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

   Мақсад аз гузаронидани чунин вохӯриҳо пеш аз ҳама иҷрои Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат ба коррупсия ва паст намудани шиддати он дар ҷумҳурӣ инчунин ба ҳозирин фаҳмондани мафҳуму моҳияти коррупсия, зуҳуроти номатлуби он дар  ҷомеа ва зарари манфӣ  доштани он дар пешрафту шукуфоии давлат иборат аст.

    Дар хотима иштирокчиёни чорабиниҳо фикру мулоҳизаҳои худро ба кормандони Агентӣ пешниҳод намуда, ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Научные публикации

(
)