Аз тарафи кормандони Раёсати АНДМ ВА МК дар ш.Душанбе ҳолатеро ошкор карданд, ки баъзе аз соҳибкорон барои фойдаи муфт ба даст овардан ба чунин қонуншиканиҳо даст заданд.

13 июн. 2014
Аз тарафи кормандони Раёсати АНДМ ВА МК дар ш.Душанбе ҳолатеро ошкор карданд, ки баъзе аз соҳибкорон барои фойдаи муфт ба даст овардан ба чунин қонуншиканиҳо даст заданд.

Аз тарафи кормандони шӯъбаи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборриза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе , дар асоси санади харидории озмоишӣ дар назди КВД «Бозори Корвон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ба воситаи харидори шартӣ шаҳрванд Мирзоев Комил Шарипович аз таҳвилкунандаи мол Бозоров Сироҷидин Асламхонович ба миқдори 11500 дона дар 15 қуттӣ тамокуҳои тамғаношудаи «ESSE» ба маблағи умумии 8600 долари Амрикои ва 184 сомонӣ харидорӣ карда шуда, ки номбурда ин миқдор молу масҳулотро дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Насиров Раҳматҷон Низомидинович ғайриқонунӣ ба даст оварда бо мақсади минбаъд ба соҳибияти кси дигар додан бея гон маркаи боҷи аксизи ба муомилот баровардаанд, ки муофиқи маълумотномаи КВД «Бозори Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе ин миқдор тамокуҳои тамғаношуда дар маҷмӯъ 57500 сомониро ташкил медиҳад.
      Худи ҳамон руз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Бозоров Сироҷидин Асламхонович ва Насиров Раҳматҷон Низомидинович дар рафти хариду фуруши дастгир гардида ва нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 259 қисми 2 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишоти пешаки идома дорад.

Научные публикации

(
)