Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Президент

  Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан! Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Имрӯз мо бисту панҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем. Ба ин муносибат ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбиро, ки дар бунёди ....
23.02.2018 11:25 519


  Баъди ифтитоҳи Маркази навтаъсиси идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд. Дар ин муассисаи олии ....
21.02.2018 19:55 550


Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Хонумон ва ҷанобон,  Мулоқоти имрӯзаи мо дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Шарипович Жээнбеков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Мо дар заминаи принсипҳои бунёдии ҳамҷавории нек ва ....
01.02.2018 15:25 586


  Ҳамватанони азиз! Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ....
30.01.2018 09:24 532


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд. Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ....
22.01.2018 12:33 722


  Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон гардиши куллӣ ба хотири наҷоти миллат ва давлат буда, роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард, расо бисту панҷ сол сипарӣ мегардад. Маҳз ба ҳамин ....
19.11.2017 16:31 1062


  Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Мулоқоти мо ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи бузурги саноатии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили 25 - солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлати ҷавони тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, баргузор мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб, ....
16.11.2017 14:27 976


  Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату ....
16.11.2017 10:03 685


  Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд. Мавриди зикр аст, ки бо ....
12.11.2017 16:04 903


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.