Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Президент

Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид! Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо! Ҳамаи шумо ва ҳайатҳои ҳамроҳатонро ба диёри офтобии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.   Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба  дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор ....
20.05.2019 11:01 409


  Ҳозирини гиромӣ! Мақсади мулоқоти имрӯза бо шумо – кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии ....
11.05.2019 10:58 455


  Ҳамватанони азиз! Фардо барои мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳикматҳои ....
06.05.2019 07:42 430


  Муҳтарам Раис,Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,Хонумон ва ҷанобон! Тоҷикистон ба татбиқи бомуваффақияти Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» аҳамияти хос медиҳад ва ба ҳамкории судманд дар доираи ин лоиҳа бо ҳамаи кишварҳои манфиатдор омода аст. Ташаббуси мазкур метавонад ба Тоҷикистон дар татбиқи ....
30.04.2019 09:30 460


  Муҳтарам Раис,Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,Хонумон ва ҷанобон! Иҷозат фармоед, пеш аз ҳама, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин барои даъват ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми «Як камарбанд, як роҳ», инчунин барои меҳмондорӣ изҳори сипос намоям. Имрӯз ҷаҳон рӯ ....
30.04.2019 09:28 436


  Муҳтарам аҳли маорифи шаҳри Душанбе! Омӯзгорон ва хонандагони азиз! Имрӯз ба ифтихори Рӯзи пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як муассисаи нави таълимиро ба кормандони соҳаи маорифи шаҳр, устодону омӯзгорон ва хонандагон табрик гуфта, ба шогирдони ин боргоҳи илму маърифат хониши хубу ....
22.04.2019 10:47 359


  Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ! Мо тасмим гирифтем, ки қабл аз оғози барномаи сафари расмии худ ба Федератсияи Россия бо шумо - роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон ва зиёиёну донишҷӯёне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ ва таҳсил мекунед, мулоқот доир намоем. Аввалан, мехостам ....
19.04.2019 11:31 273


  Муҳтарам намояндагони сокинони ноҳияи Спитамен!Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Спитамен ва шумо-ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни баҳор ва сари сол, ки чанд рӯз пеш дар диёри мо фаро расид, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандиву хонаи обод ва барору ....
05.04.2019 10:41 303


  Муҳтарам аҳли фарҳанг!Ҳозирини гиромӣ! Ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани майдони Парчами миллӣ, Кохи фарҳанг, ....
01.04.2019 11:00 294


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.