Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Суханрониҳо

  Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Мулоқоти мо ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи бузурги саноатии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили 25 - солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлати ҷавони тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, баргузор мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб, ....
16.11.2017 14:27 1036


  Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату ....
16.11.2017 10:03 733


  Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд. Мавриди зикр аст, ки бо ....
12.11.2017 16:04 955


  Ҳамватанони азиз! Имрӯз дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва сокинони пойтахти кишварамон–шаҳри Душанбе боз як рӯйдоди муҳим ба амал омад. Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат азнавсозии Боғи фарҳангу фароғати ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти нави тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, ....
06.11.2017 13:57 1095


  Ҷаноби Олӣ Аҳмад Абулғайт, Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ!Ҳозирини гиромӣ!Қабл аз ҳама, ташрифи шуморо ба сарзамини бостонии тоҷикон хайрамақдам гуфта, ба иштирокдорони чорабинии имрӯза барори кор орзу мекунам. Се сол пеш дар Риёз нахустин иҷлоси Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ ....
16.10.2017 12:12 718


Муҳтарам Раис,Ҳамтоёни муҳтарам, Пеш аз ҳама, мехоҳам ба ҷониби Россия ва ба Президент Владимир Владимирович Путин барои меҳмоннавозии гарм ва ташкили сатҳи баланди ҷаласа изҳори миннатдорӣ намоям. Рӯзномаи ҷаласаи мо масъалаҳои муҳимро фаро мегирад ва мо қабули қарорҳои дахлдорро барои ҳалли ....
12.10.2017 11:57 737


     Омӯзгорони муҳтарам ва фарзандони азиз!   Падару модарон ва ҳозирини гиромӣ!Пеш аз ҳама, кулли кормандони соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла шумо, устодону омӯзгорони ноҳияи Рӯдакиро ба ифтихори Рӯзи омӯзгор, яъне ҷашни касбии аҳли маориф, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр ....
04.10.2017 08:50 1169


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.