Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Суханрониҳо

  Муҳтарам профессорон, устодон ва донишҷӯён,Дӯстони гиромӣ! Пеш аз ҳама, иҷозат фармоед ба Шӯрои илмии Академияи дипломатии Озарбойҷон барои маро ба унвони фахрии докторӣ сарфароз гардонидан изҳори миннатдорӣ намоям. Академияи дипломатии Озарбойҷон принсипҳои асосии академияи классикӣ ва талошҳои инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти олии насли ....
13.08.2018 15:23 424


               Муҳтарам аъзои Шӯро!             Хонумҳо ва ҷанобон!             Ҳозирини гиромӣ!  Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии чараёни татбиқи дусолаи ҳуҷҷатҳои стратегии кишварро дар ....
05.07.2018 10:33 510


           Муҳтарам роҳбарону фаъолони вилояти Суғд! Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтидори саноативу кишоварзӣ бузурги Тоҷикистон буда, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он таъмин шуда истодааст. Дар зарфи қариб 27 соли истиқлолияти давлатӣ ....
02.07.2018 10:51 560


  Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо,Хонумҳо ва ҷанобон! Ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хайрамақдам мегӯям. Умед дорам, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ....
21.06.2018 09:28 492


                                                                                  ....
04.06.2018 10:28 582


  Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо!Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!Хонумҳо ва ҷанобон! Дар оғоз ҳамаи шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба диёри бостонии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям. Чорабинии имрӯза ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз - муқовимат ....
04.05.2018 12:16 744


  Ҳамватанони азиз!Сокинони шарафманди шаҳри бостонии Панҷакент! Имрӯз ҳамаи мо ба ифтихори таҷлили яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи аҷдодиамон - Наврӯзи байналмилалӣ гирди ҳам омадаем. Ба ин муносибат кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланду фарҳангпарвари шаҳри Панҷакент ва вилояти Суғдро самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, ....
28.03.2018 19:19 493


  Ҳамватанони азиз!Меҳмонони арҷманд!Ҳозирини гиромӣ! Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумла пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи ....
25.03.2018 18:22 505


  Муҳтарам ҷаноби Муовини Раиси Маҷмаи Умумӣ,Муҳтарам ҷаноби Муовини Дабири Кулл,Хонумон ва ҷанобон, Имрӯз мо ҳамроҳ муколамаи нахустини худро, ки ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бахшида шуда буд, комгорона анҷом  додем. Муҳокима ва табодули васеи афкор миёни ....
23.03.2018 18:20 500


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.