Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Суханронӣ дар маросими ба истифода додани мактаби рақами 28 дар деҳаи Шаршари деҳоти Себистони ноҳияи Данғара

 

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Устодону омӯзгорон ва шогирдони азиз!

Вақтҳои охир дар тамоми қаламрави кишварамон ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ босуръат ҷараён доранд.

Дар ин раванд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара низ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва аҳолӣ бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 300 иншооти таъиноти гуногун, аз қабили муассисаҳои таҳсилоти умумиву кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ, иншооти хизматрасонӣ, роҳу пулҳо, таъминот бо оби нӯшокӣ ва кашидани хатҳои интиқоли барқро ба нақша гирифта, то имрӯз сохтмону азнавсозии 87 иншоотро ба анҷом расонидаанд.

 Мушоҳида мегардад, ки ҳоло дар ноҳия корҳои созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, хурду бузурги ноҳия бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба хотири обод гардонидани зодгоҳи худ намунаи заҳмати аҳлона нишон дода истодаанд.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба тамоми мардуми ноҳия, соҳибкорон ва ҳамаи шахсони ҳимматбаланд барои заҳмати созанда, фаъолияти ватандӯстона ва саҳми ҷавонмардонаашон изҳори сипос намоям.

Итминон дорам, ки то соли 2021, яъне ба истиқболи шоистаи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда бо сифати баланд бунёд карда шуда, симои ноҳияи Данғара ва деҳоти он боз ҳам зебо ва муҳимтар аз ҳама, шароити зиндагии мардум хеле беҳтар мегардад.

Боиси хушҳоливу қаноатмандист, ки дар раванди корҳои бунёдкорӣ ба соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа ба шумор рафта, ба ояндаи осудаву ободи кишварамон нигаронида шудааст, эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.

Ҳоло сохтмон, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии даҳҳо муассисаи таълимӣ дар деҳаву маҳалҳои дурдасти аҳолинишини ноҳия босуръат идома дорад.

Танҳо соли 2018 дар ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон 7 муассисаи таълимии нав сохта, ба истифода дода шуд, ки онҳо ба хеле коҳиш додани норасоии ҷойҳои нишаст мусоидат намуданд.

Дар доираи корҳои ободонӣ танҳо аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 33 муассисаи таҳсилоти умумии хурду миёна бунёд мегардад, ки ин иқдом ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Илова бар ин, дар ноҳия сохтмони биноҳои нав дар назди 10 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 7000 ҷойи нишаст идома дорад.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Шаршари деҳоти Себистон, ки дар он барои 480 нафар фарзандони сокинони деҳаи зикршуда шароити беҳтарини таълиму тарбия муҳайё карда шудааст, натиҷаи заҳмати созандаи сокинони ноҳия мебошад.

Имрӯз, илова ба чандин иншооти навбунёди таъиноти гуногун, боз ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаҳои Талхоб ва Кули Сӯфиён, яъне деҳаҳои дурдасттарини ноҳия мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар се мактаби навбунёди имрӯза, дар деҳаҳои дурдасттарини ноҳия, дар маҷмӯъ, 1600 нафар толибилмон бо беҳтарин шароит ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Дар оянда барои таъмин намудани шароити боз ҳам беҳтари илму ҳунаромӯзӣ ва машқу тамрини хонандагон дар муассисаҳои навбунёд сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ, маҷлисгоҳу ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла барои таъминот бо гармӣ ва оби ошомиданӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо бунёд гардидани мактабҳои зикршуда мушкилоти фарзандони сокинони деҳаҳои Талхоб, Кули Сӯфиён ва Шаршар пурра ҳал гардид.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони бонангу номуси ноҳия, инчунин, дар таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ низ фаъолона саҳм гузошта истодаанд.

Аз ҷумла роҳҳои дохилии деҳаи Шаршар, ки солҳои тӯлонӣ бисёр харобу валангор буданд, ба масофаи зиёда аз 4 километр азнавсозӣ карда шудаанд.

Ҳоло корҳои ободонӣ дар деҳоти дигар, аз ҷумла дар деҳаҳои Гулафшон, Боботӯпхона, Талхоб ва Кули Сӯфиён идома дошта, то имрӯз аз ҷониби соҳибкорону шахсони эҳсонкор мактабу марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо, хатҳои барқ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд гардидаанд.

Ҳамчунин, мо имрӯз роҳи навбунёди Шаршар ва Себистон-Кули Сӯфиёнро, ки дар маҷмӯъ, масофаи 25 километрро ташкил медиҳад, ба истифода медиҳем.

Яъне мушкилоти даҳҳо ҳазор нафар сокинони деҳаҳои Шаршар, Гулафшон, Боботӯпхона, Талхоб ва Кули Сӯфиён бартараф гардида, барои рафтуомади мусоиду осони одамон ва нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол шароит фароҳам оварда шуд.

Бунёди ин роҳҳо низ аз ҳисоби соҳибкорону фарзандони бонангу номуси диёр анҷом дода шудааст.

Бори дигар таъкид месозам, ки бунёди роҳ ва иншооти дигар дар арафаи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намунаи ҳиммати баланду захмати ватандӯстонаи соҳибкорон ва мардуми ноҳияи Данғара мебошад.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки ҳамаи ободкориҳои то имрӯз амалигардида бидуни ҷалби маблағҳои буҷетӣ, яъне аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии деҳаҳои зикршуда анҷом дода шудаанд.

Ғайр аз ин, бо мақсади дастрасии сокинон ба хизматрасонии босифати тиббӣ бо ташаббуси соҳибкорони саховатманди деҳаҳои Иғрон ва Талхоб маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ бунёд ёфта, аз ҷониби соҳибкорони деҳаҳои дигар бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази саломатӣ бо таваллудхона ва ҳуҷраҳои хатна ба фаъолият шурӯъ кардаанд.

Инчунин, дар доираи ҳамин сафар аз ҷониби сокини саховатманди деҳаи Талхоб маркази саломатӣ ва таваллудхона ба истифода дода мешавад.

Хотирнишон месозам, ки солҳои пеш мардуми деҳаҳои зикршуда барои ташхису табобат дар фаслҳои гармову сардӣ масофаи 50-60 километр роҳро бо заҳмати зиёд тай карда, ба маркази ноҳия мерафтанд.

Акнун ин мушкилоти онҳо бо бунёди таваллудхона ва маркази саломатӣ, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ҳал гардид.

Ба фаъолият оғоз кардани муассисаи навбунёди таълимиро ба шумо- устодону омӯзгорон ва фарзандони азиз самимона табрик гуфта, бори дигар ба ҳамаи соҳибкорону шахсони эҳсонкори ноҳия барои саъю талоши ватандӯстонаи онҳо ба хотири ободонии кишварамон миннатдорӣ изҳор менамоям.

Бовар дорам, ки чунин амалҳои хайру савоб минбаъд аз ҷониби дигар афроди бонангу номуси мамлакат вусъати бештар хоҳанд ёфт.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки сокинони меҳмоннавозу заҳматпешаи ноҳияи Данғара барои дар сатҳи баланд ва бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ истиқбол гирифтани ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон азму талоши бештар мекунанд ва зодгоҳу диёри хешро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.

Ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияи Данғара хонаи обод, иқболи баланд ва дар ҷодаи ободонии Ватан барору комёбӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.