Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Мулоқот бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт - зодагони Тоҷикистон

 

Дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт - зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохуриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд.

Чунин вохуриҳо қаблан дар шаҳрҳои Қазон, Москва, Челябинск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Росссия доир шуда буд.

Бо гузашти айём имрӯз нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Россия рӯ ба болоравӣ дорад. Дар зиёда аз 70 минтақаи Россия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

Чунонки аз рафти сӯҳбат маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд.

Зимни ин сафар низ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, донишомӯзии донишҷуёни тоҷик ва вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар Федератсияи Россия муҳокима карданд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.