Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар  08.06.2023

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои музокирот 15 санади нав ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Давҳаи Давлати Қатар оид ба истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ;

- Ёддошти тафоҳум дар соҳаи савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар;

- Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти стандартизатсияи ва метрологияи Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти табиии он;

- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон;

- Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкории ҳарбӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи авқоф ва корҳои исломӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Давлати Қатар;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар барои солҳои 2023-2025.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар   08.06.2023

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва ҳайати ҳамроҳашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Зимни мулоқоту музокирот, ки дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эътимод ҷараён гирифт, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушду тавсеаи онҳо, таҳкими бештари заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башариро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни баррасии роҳҳои тақвияти минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсии байнидавлатӣ зарурати густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҳамчун заминаи мусоид барои пешбурди ин раванд арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳу раванди муносибатҳои ду кишвар ва аз ҷараёни рушди устувори онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатар ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон амри зарурӣ шумурда шуд.

Тоҷикистон, дар баробари таъйиди таҷрибаи неки муштарак, алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкориҳояш бо Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ иброз дошт.

Қобили зикр аст, ки дар ин самти шарикӣ ду кишвар ҳанӯз имкониятҳои васеъ доранд ва истифодаи ҳарчи фаъоли онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои тарафҳо мебошад. Татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи маҷмааи “Диёри Душанбе” аз ҷониби ширкати “Диёр”-и Қатар намунаи ҳамкориҳои самараноки ду кишвар дар ин ҷода арзёбӣ гардид.  

Истифода аз имкониятҳои фаровон дар соҳаҳои энергетика, бахшҳои мухталифи саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди маъдан, металлургияи сиёҳу ранга, кишоварзӣ ва сайёҳӣ барои ҳар ду кишвар судманд номида шуд.

Мавҷудияти имкониятҳои васеи ҳамкориҳои судманду дарозмуддати байни ду кишвар ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ, бахусус оби нӯшокӣ ва меваҷоту сабзавоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза низ мавриди музокира қарор гирифт.  

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳи молу маҳсулоти ду кишвар дар қаламравҳои ҳамдигар ва ба фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, имконияти густариши робитаҳои фарҳангиву башарӣ, бахусус, дар арсаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ ибрози назар карданд.

Ба ҷониби Қатар барои кумаки беғаразона дар бунёди “Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе” сипоси самимии мардуми Тоҷикистон расонда шуд.

Дар рафти музокирот мавзуъҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ ва масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи шарикии ҷонибҳо дар доираи сохторҳои бисёрҷониба - дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба Давлати Қатар барои дастгирии доимии иқдомоти глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки бори аввал дар даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё ширкат меварзад, муваффақият орзу карданд. Мавриди зикр аст, ки Ҷоми футболи Осиё моҳҳои январ-феврали соли 2024 дар пойтахти Давлати Қатар баргузор мегардад.

Чоп намудан E-mail

Сафари давлатии Амири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатии Амири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  08.06.2023

8 июн Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Амири Давлати Қатар аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз Хоҷагии деҳқонии ба номи “Бобои Алимардон”-и ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон

Боздид аз Хоҷагии деҳқонии ба номи “Бобои Алимардон”-и ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон  27.05.2023

27 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Бобои Алимардон” шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.

Хоҷагии мазкур дар масоҳати 4,10 гектар замин ташкил гардида, дар он зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар масоҳати 2,4 гектар замин пахта, дар 10 садяк замин картошка, дар 30 садяк пиёз ва дар масоҳати 25 садяк помидору дар 40 садяк полезӣ ва дар масоҳати 65 садяк замини дигар гандум кишт кардаанд.

Ин шабу рӯз хоҷагидорон ба ҷамъоварии гандум, маҳсулоти полезӣ ва картошкаву пиёз машғул мебошанд. Маданияти истифодаи замин дар ин мавзеъ ба монанди дигар гӯшаҳои ноҳияи аграрии Шаҳритус дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Ҳолати ҷамъоварии пиёз дар хоҷагии деҳқонӣ нишон дод, ки ҷомеаи меҳнатӣ аз дастранҷи имсола дар ҳаҷми 500-700 сентнер ҳосил ба даст меоранд. Нишондоди мазкур дар ноҳия қонеъкунанда буда, аллакай аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шаҳритус ба хориҷи мамлакат 360 тонна пиёзи барвақтӣ содирот карда шудааст. 

Картошкапарварӣ низ дар ноҳия ривоҷ ёфтааст ва саҳмдорони хоҷагӣ бо парвариши ин навъи сабзавот талош доранд, ки ҳиссаи худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат гузоранд. Ба ҳисоби мутахассисон, ҳар як гектар замини картошка дар хоҷагӣ то 200 сентнер ҳосил дорад.

Дарави гандум низ дар ҳамин рӯз дар Хоҷагии деҳқонии ба номи “Бобои Алимардон” шуруъ гардид ва бо дарназардошти нашъунамои хуби ин зироат, ҳосили интизории деҳқонон 60 сентнерро ташкил медиҳад. 

Бо оғоз намудани ҷамъоварии ҳосили зироатҳои полезӣ аҳли заҳмати хоҷагӣ тасмим доранд, ки то 300 сентнер ҳосили ҳандалаку тарбуз рӯёнанд. Маҳсулоти хоҷагӣ барои таъмин кардани эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо таҷрибаи истифодабарии замин дар Хоҷагии деҳқонии ба номи “Бобои Алимардон” ба кори деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати анҷом додани кишти такрорӣ, саривақт роҳандозӣ кардани ин тадбири муҳими аграрӣ ва дар маҷмуъ, бобати истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла, обу замин хоҷагидоронро вазифадор карданд.

Ҳамчунин дар ҳудуди ҳамин хоҷагӣ намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ҳамаи шаш ҷамоати деҳот ва шаҳраки ноҳияи Шаҳритус ташкил карда шуд. Дар доираи ин тадбир дастранҷи деҳқонони ноҳия, ба монанди ғалладонагиҳо, сабзавот, полезӣ, зироатҳои лӯбиёгӣ ва мевагиҳо ба намоиш бароварда шуданд.

Чоп намудан E-mail

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва нишасти матбуотии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва нишасти матбуотии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон  10.05.2023

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов ба Эъломия оид ба таъмиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар назди Сарони давлатҳо 23 санади дигар:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот;

- Протокол байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон оид ба ҳамкории мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;

- “Харитаи роҳ” барои вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Туркманистон барои солҳои 2023-2025;

- Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти мониторинги молиявии назди Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Туркманистон;

- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Туркманистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи мол ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда;

- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Марии Туркманистон;

- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Балкани Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ;

- Барномаи чорабиниҳои якҷоя (“Харитаи роҳ”) дар бораи густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи зиёд кардани ҷараёни бор ва фаъолгардонии боркашонии мултимодалӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон барои солҳои 2023-2025;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат  ва истеҳсолоти сохтмонии Туркманистон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии “Туркменавтоулаглары”-и Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон оид ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиётӣ;

- Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба омор;

- Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии асосии “Туркменстандартлари”;

- Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмии тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;

- Ёддошт оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон “TDH”;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои мутақобила байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии иттифоқҳои касабаи Туркманистон.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Сарони давлатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов оид ба мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, зимни изҳороти хеш натиҷаҳои онро барои таъмиқи ҳамкориҳои минбаъда неку назаррас арзёбӣ карданд.

Чоп намудан E-mail

Маросими гузоштани санги асоси бунёди Муассисаи таҳсилоти умумӣ ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон

Маросими гузоштани санги асоси бунёди Муассисаи таҳсилоти умумӣ ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  10.05.2023

Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов дар маросими оғоз бахшидан ба бунёди мактаби нав дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иштирок карданд.

Дар маҳалли бунёди мактаб бо 1080 ҷойи нишаст дар ду баст аҳли маориф ва фаъолони ноҳия ҷамъ омаданд.

Нахуст собиқадорони соҳаи маориф як нафарӣ аз ҳар ду ҷониб бунёди мактабро нишони дӯстии абадӣ миёни кишварҳои дӯст ва бародар арзёбӣ карда, бо орзуву ниятҳои нек баҳри густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи  Тоҷикистону Туркманистон аз Сарони давлатҳо барои оғоз бахшидан ба корҳои бунёди Муассисаи таҳсилоти умумӣ ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон изҳори хоҳиш намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон  10.05.2023

Дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон баргузор шуд.

Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои васеи ду давлат идома ёфт.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифт, Сарони давлатҳо доираи васеи муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро муфассал баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедовро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, аҳамияти робитаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи оливу баланд ва нақши калидии онҳоро дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид карданд. Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Сарвари давлати дӯст ба Тоҷикистон ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав хоҳад бахшид.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки тайи сӣ соли равобити дипломатӣ муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бисёр соҳаҳо фаъолона рушд карда, ҷонибҳо дар таҳкими ҳамкориҳои худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Зимни мулоқот масъалаи рушди устувори ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ муҳокима гардид.

Тавсеаи фаъоли ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми маҷмӯи робитаҳои гуногунҷанба арзёбӣ гардид.

Масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, ҷонибҳо дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин ҷанбаи муносибатҳо ба мувофиқа расиданд.

Дар ин замина ҷонибҳо ба чунин самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили кооператсияи саноатӣ, бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки дар соҳаи кооператсияи саноатӣ барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва металлургия ва таъминоти мутақобилаи ашёи хом имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.

Дар бахши нақлиёту транзит масъалаи аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон босамар истифода кардани имконоти транзитии Туркманистон ҷиҳати ҳамлу нақли бор баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ба масъалаи муносибатҳои ду кишвар дар бахши гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ андешаронӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври муфассал мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ робитаҳои фаъоли ҷонибҳо дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба таъкид гардид.

Президенти мамлакат ба ҷониби Туркманистон барои дастгирии фаъол аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим изҳори сипос карданд.

Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Чоп намудан E-mail

Сафари давлатии Президенти Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатии Президенти Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  10.05.2023

10 май Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедовро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Туркманистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ