Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон иншооти нави обрасониро мавриди истифода қарор дода, аз нашъунамои картошка дар Хоҷагии деҳқонии “Нур” шинос шуданд.
Набудани оби полезӣ дар баъзе аз қисматҳои ин мавзеъ мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт ва бо ҳамин сабаб кишоварзон наметавонистанд ҳосили фаровон ба даст оваранд.
Дар доираи таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирию ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилӣ ба зудӣ роҳи ҳалли худро пайдо кард ва тавассути бунёди иншооти нави обрасонӣ ва насби насосҳои махсуси обкашӣ 15 гектар замини корами мавзеи Хуррамдара обёрӣ шуд.
Оби полезӣ ба ин мавзеъ аз масофаи қариб як километр бо қубури қутраш 110 миллиметра оварда шуда, барои захира ва таъмини доимии он ҳавзи махсус бунёд шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Нур” ва суҳбати самимӣ бо деҳқонону масъулони соҳа таъкид намуданд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти тару тозаи ватанӣ омили асосии боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин замина кишоварзону деҳқонон бояд аз боду ҳаво ва имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода намоянд то сол аз сол ҳосилнокии маҳсулот дар заминҳои корам афзоиш ёбад.
Дар маҷмуъ бо кашидани оби полезӣ дар ин мавзеъ аввалин маротиба дар майдони 8 гектар замин тухмии 3 навъи картошкаи маҳаллӣ кишт карда шуд, ки мувофиқи хулосаи олимони соҳаи кишоварзӣ имруз нашъунамои он хуб мебошад. Ҳосилнокии ин намуди картошка ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектар аз 280 то 390 сентнер мебошад.
Имсол хоҷагидорони ноҳия нақша доранд, ки аз ҳисоби заминҳои картошка зиёда аз 50 ҳазор тонна маҳсулот ҳосил ба даст оранд.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои истеҳсолӣ ва дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия муаррифӣ гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки чун анъана Сарвари ятимпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Дар мулоқоти имрӯза ба ятимон дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, маҷмӯи сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.
Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯст тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Ҳангоми тақдими тӯҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ, шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат беҳтару хубтар карда мешавад. Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат, илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.
Ятимони кул аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар як кишвари ободу зебо зиндагӣ карда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафарободи вилояти Суғд суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи муосир ҳидоят намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба души худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё месозад.
Дар ҷавоб ба ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни суҳбат бо аҳли заҳмат таъкид намуданд, ки кишоварзон бояд аз гузашта дида пурмасъул бошанд ва истифодаи самараноки заминро хуб дарк карда, бо ба даст овардани маҳсулоти фаровон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиби худро гузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ва суҳбат бо аҳли заҳмати ноҳия ба дарки баланди масъулиятшиносӣ ва дастгирии меҳнаткашон аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, ба деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва бардошти ҳосили дилхоҳ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар навбати худ аҳли заҳмати ноҳия аз таваҷҷӯҳи Сарвари давлат нисбат ба замину деҳқон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар таъмини бозори дохила бо маҳсулоти ватанӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Корҳои бунёдӣ дар бинои беморхона моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, он аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайян бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассисаи навбунёди тандурустӣ дорои 2 ошёна ва таҳхона буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ҳуҷраи хатнаи кӯдакон, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, бемориҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида, таъкид намуданд, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз чунин имкониятҳо метавонанд, ҳамчун варзишгарони касбӣ омода шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд бардоранд.
Дар шафати толори варзишии болопӯшида ҳамчунин, майдончаи варзишӣ бо дарозии 60 ва паҳноии 30 метр сохта шудааст.
Бо шинонидани ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкан саҳн ва атрофи толори варзишии болопӯшида ва майдончаи варзишӣ ба як мавзеи ободу зебо табдил ëфтааст.
Сохта ба истифода додани толор ва майдончаи варзишӣ дар ин деҳоти дурдасти мамлакат шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш таваҷҷӯҳи хоса дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияи Айни 63 майдонча ва 25 толори варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам овард, ки танҳо дар соли 2022 варзишгарони ноҳияи Айнӣ бо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 10 медали тилло, 16 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ гарданд.
Лозим ба таъкид аст, ки наврасону ҷавонони ноҳияи Айнӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд доранд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти соҳа намудҳои гуногуни варзиш боз ҳам рушд хоҳад кард.