Муаррифии лоиҳаи таъмиру мумфаршнамоии роҳи марказии ноҳияи Ҷайҳун

Муаррифии лоиҳаи таъмиру мумфаршнамоии роҳи марказии ноҳияи Ҷайҳун  16.06.2022

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳия шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 4 километри он пурра асфалтпӯш карда мешавад. Ҳоло корҳои таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маркази ноҳия бо истифодаи техникаҳои соҳавӣ ҷараён дорад. То имрӯз бештар аз як километр роҳ асфалтпӯш карда шуда,  кормандон барои иҷрои корҳои роҳсозӣ бо масъулияти ҷиддӣ фаъолият доранд.  

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар вилояти Хатлон ва ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун

Оғози сафари корӣ дар вилояти Хатлон ва ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун  16.06.2022

Субҳи рӯзи 16 июн Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари корӣ ба як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварданд.

Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷайҳун нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барафрохтанд.

Майдони Парчами давлатӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, шаҳраки «Дӯстӣ» дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки зиёди ҷавонон ва сокинон партавафшон карда шуд.

Мувофиқи лоиҳа дарозии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун 50 метрро ташкил дода, матои он 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Иншоот дар масоҳати 50 сад як замин бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро ёфтааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар баробари мутахассисони ботаҷриба сокинони маҳаллӣ низ бо ҷойи кори мувақкатӣ таъмин карда шуданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар шафати бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст ва ба ҳусни ин мавзеъ зебоӣ зам менамояд.

Ҳамзамон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар назди Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар асоси лоиҳа сутунпояи Нишони давлатӣ бо баландии 21 метр ва унсури муосири меъморӣ қомат афрохтааст.

Баробари барафрохтани Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Ҷайҳун барои сокинон боз як макони сайругашт ва истироҳату фароғат фароҳам омад.

Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спец-техника» бо сифати баланд иҷро гардида, ба истифода дода шуд.

Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳия барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ - оммавӣ низ мусоид мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо фаъолону ҷавонон партавафшон гардидани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон нишона аз арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ муҳим арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки ин омил боиси дар қалби насли наврасу ҷавон бедор сохтани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ мегардад.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон  02.06.2022

Баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, сипас дар вохурии ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ҳамчунин ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъват ҷиҳати ташриф овардан ба Ҷумҳурии Узбекистон ва анҷом додани сафари расмӣ, инчунин пазироии самимӣ изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Маросими истиқболи расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

Маросими истиқболи расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон   02.06.2022

2 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри “Куксарой” сурат гирифт.

Меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Узбекистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»

Иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028”   07.06.2022

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!
Меҳмонони азиз!

Бо камоли майл ташрифи шуморо ба шаҳри Душанбе хайрамақдам мегӯям.

Нишасти имрӯзаи мо тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи об сурат мегирад.

Бовар дорем, ки он ҳамчун ҳалқаи асосӣ дар пайвастани занҷираи чорабиниҳои тадорукотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад гашт, саҳми муассир мегузорад.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам зикр намоям, ки соли оянда мо, ҳамчунин, 20-умин солгарди саъю талошҳои муштаракамонро дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид таҷлил хоҳем кард.

Дар 20 соли охир мо зимни татбиқи ташаббусҳо, ба монанди Соли байналмилалии оби тоза – 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2010» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013 саъю талошҳои муштаракро ҳамаҷониба тақвият бахшидем.

Ташаббусҳои ҷаҳонии зикршуда ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд.

Мехоҳам нақши ташаббуси охири мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалии дар ин ҷода мувофиқашуда махсус таъкид намоям.

Итминон дорем, ки ба шарофати ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ дар қолаби Даҳсола рӯйкарду равишҳо барои татбиқи ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба захираҳои об ва беҳдошт дарёфт хоҳанд гардид.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои марбута, бахусус, аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ва дигарон барои кумаку дастгириашон дар раванди тадорукот ва баргузории ин Конфронс сидқан миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, аз давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббус ва қатъномаҳои дар ду даҳсолаи охир аз ҷониби кишвари мо пешниҳодшуда самимона сипосгузорам.

Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз тадбирҳои зарурии коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешида, дучори таҳдиди нав–ҳамагирии КОВИД–19 гардид.

Табиист, ки дар ин давра ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамоми воситаву имкониятҳоро барои мубориза бо ин буҳрон равона кардаанд.

Вале мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳаммияти ҳаётӣ ва хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад.

Тибқи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи аҳолии курраи замин эҳтимоли расидан то нуҳ 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.

Дар баробари ин, талошҳои умумӣ ҳанӯз самараи дилхоҳ надодаанд ва рақамҳои зерин, ки ба шумо маълуманд, гувоҳи он мебошанд:

– тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надорад;

– зиёда аз сеюним миллиард нафар аз хизматрасониҳои зарурии беҳдошт ва қариб дуюним миллиард нафар аз шароити одии гигиенӣ бархурдор нестанд;

– ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд.

Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки раванди иҷрои воқеии ҳадафу вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар сатҳи зарурӣ қарор надорад.

Чунин вазъ бояд боиси нигаронии амиқи мо бошад.

Бо дарназардошти ин, Конфронси Душанбе низ масъалаи таъмин намудан бо оби нӯшокии бехатар ва бо ҳамдигар вобаста будани масъалаҳои об ва саломатиро дар меҳвари барномаи худ қарор додааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар конфронси имрӯза, инчунин, ҳамбастагии зичи об, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Мо дар 5 соли охир шоҳиди гармшавии глобалии бесобиқаи ҳаво гардидем, ки сабаби хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардида, ба амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди кишварҳоямон таъсири манфӣ расонид.

Дар гузориши ба наздикӣ нашршудаи Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим низ нақши захираҳои об дар мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ва ноил шудан ба устуворӣ дар ин раванд зикр гардидааст.

Дар он таъкид гардидааст, ки обшавии захираҳои барфу пиряхҳо ва яхбандии абадӣ метавонад таъсири пай дар пай дошта бошад ва суръати гармшавии глобалиро боз ҳам тезонад.

Ин мушкилот дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки кишвари куҳистон ва дорои захираҳои бузурги обӣ, махсусан, пиряхҳо мебошад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.

Барои мисол, дар натиҷаи ин раванд мо шоҳиди афзоиши бесобиқаи селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар ҳодисаҳои табиии марбут ба об шуда истодаем.

Мутаассифона, кишвари мо дар натиҷаи чунин офатҳои табиӣ ҳамасола садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар мебинад.

Офатҳои табиии марбут ба об дар аксари мавридҳо боиси марги одамон ва хисороти зиёди инфрасохтори ҳаётан муҳим мегарданд.

Намунаи дигари раванди зикршуда обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.

Дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст.

Пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст.

Дар ин робита, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намудааст.

Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, мо дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем.

Мо талошҳои худро дар самти мазкур дар сатҳи байналмилалӣ низ тақвият медиҳем.

Чанд рӯз пеш мо дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии пешвоёни Эътилофи обу иқлимро баргузор намудем.

Дар доираи он Нақшаи амал бо зикри натиҷаҳои назаррас тасдиқ гардид.

Дар ҷаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иқлим моҳи марти соли гузашта мо пешниҳод карда будем, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Имрӯзҳо мо ҷиҳати татбиқи ин ташаббус дар ҳама сатҳҳо кор бурда истодаем ва умед дорем, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонии ҳамаҷониба қарор хоҳад гирифт.

Муҳтарам иштирокчиёни конфронс!

Чуноне маълум аст, идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла ҳамбастагии об бо масъалаҳои энергия, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист яке аз абзорҳои асосӣ дар рафъи мушкилоти марбута дониста мешавад.

Ин нукта барои Тоҷикистон низ аҳаммияти муҳим дорад.

Тақрибан 80 фоизи маҳсулоти кишоварзии мо аз ҳисоби заминҳои обёришаванда таъмин карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин, дар кишвари мо беш аз 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад.

Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза, яъне “нерӯи сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Вобаста ба ин мехоҳам  таваҷҷуҳи шуморо ба масъалаи нақши об дар тавлиди “нерӯи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда махсус ҷалб намоям. Имрӯзҳо атрофи ин мавзӯъ баҳсҳо хеле зиёданд.

Вале дар гузориши соли гузаштаи Ассотсиатсияи ҷаҳонии гидроэнергетикӣ тасдиқ гардидааст, ки таҳкими ин соҳа дар баробари таъмин намудани рушди иқтисодӣ, ҳамчунин, метавонад дар самти мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ дошта бошад.

Ҳоло дар дунё банақшагирӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 600 гигаватт идома дорад ва илова бар ин, боз ба зиёда аз 600 гигаватт иқтидор зарурат пеш меояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, метавонад дар ин самт саҳми арзандаи худро гузорад.

Иқтидори умумии гидроэнергетикии кишвари мо солона 527 миллиард киловатт (КВт) соатро ташкил медиҳад, ки мо то имрӯз ҳамагӣ 3 – 4 фоизи онро аз худ кардаем.

Имрӯз мо сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бо иқтидори умумии 17 миллиард киловатт – соат (кВТ) нерӯи барқ идома дода истодаем.

Сохтмони иншооти мазкур намунаи барҷастаи талошҳои мо дар ин самт мебошад.

Ин неругоҳ, дар баробари истеҳсоли неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори захираҳои об, коҳиш додани хавфи селу обхезӣ ва хушксолӣ, кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми бузург хоҳад дошт.

Ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ яке аз ҷойҳои аввалинро дар ҷаҳон ишғол мекунад.

Қобили зикр аст, ки қисми зиёди барқи «Роғун» барои содирот ба кишварҳои ба неруи барқ ниёзманди минтақа нигаронида шудааст, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишварҳо мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бо ин, барқи «Роғун» ва дигар неругоҳҳои Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ, ки яке аз мавзӯъҳои муҳимми ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, саҳми муносиб хоҳад гузошт.

Мо ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем, зеро ҳамкориҳои фаромарзӣ, хусусан, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар соҳаи обу энергетика дар ҳалли бисёр масъалаҳо нақши калидӣ доранд.

Тоҷикистон, ки дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ҳамеша хостори истифодаи самараноки онҳо ба манфиати кулли кишварҳои минтақа мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар доираи раёсати худ дар Фонди байналимилалии наҷоти Арал авлавият додаем.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, мо якҷо ба ҳамсояи наздикамон – Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба татбиқи муштараки лоиҳаи сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори умумии 320 мегаватт (МВт) оғоз бахшидем, ки намунаи барҷастаи гуфтаҳои боло мебошад.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Нуктаи муҳими дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирад, масъалаи маблағгузорӣ мебошад.

Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, танҳо барои дастрасии ҳамагонӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити зарурии беҳдошт талаботи ҳарсола тақрибан 114 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, талаботи солона барои татбиқи ҳадафҳои Созишномаи Париж дар соҳаи иқлим қариб ба ҳафт триллион доллар баробар аст.

Мусаллам аст, ки кишварҳои рӯ ба рушд ва камтараққӣ чунин имкониятҳои молиявиро надоранд.

Аз ин лиҳоз, бе кумаки кишварҳои пешрафта, институтҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ дар таъмини ҳадафҳои рушд дучори мушкилоти зиёд хоҳанд буд.

Тавсеаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои асосӣ дар ин замина ба ҳисоб меравад, ки барои ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаи об ва инфрасохтори он имкониятҳои нав фароҳам меоварад.

Ҳамзамон бо ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва шарикӣ, аз ҷумла бо дигар шарикони рушд ва бахшҳои берун аз соҳаи об, истифодаи технологияҳои муосир, навоварӣ ва таҳқиқоти илмиву фанновариҳои нав зарур мебошад.

Ин иқдомот аз ҷумлаи омилҳое ҳастанд, ки метавонанд ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ба таври муассир мусоидат намоянд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан, занону ҷавонон, мардуми бумӣ ва ҷамоатҳои маҳаллӣ, ҳамчунин, метавонанд дар ин раванд саҳми арзанда дошта бошанд.

Маҳз ба ин хотир, масъалаҳои мазкур низ ба рӯзномаи ҳамоишҳову ҷаласаҳои Конфронси Душанбе ворид карда шудаанд.

Мо интизорӣ дорем, ки вобаста ба онҳо тавсияву паёмҳои мушаххас таҳия хоҳанд гардид.

Барои ҷалби таваҷҷуҳ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа мо, инчунин, барномаи конфронсро бо баргузории қисми Марафони глобалӣ дар Тоҷикистон ва Фестивали оби Душанбе ғанӣ гардонидем ва шумо шоҳиди иди воқеии об дар кишвари мо гардидед.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки дар боло зикр кардем, Конфронси Душанбе дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 нақши калидӣ дорад.

Аз ин нигоҳ, Конфронси Душанбе барои ҳамоҳангсозӣ ва ба ҳам пайвастани натиҷаҳои чорабиниҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла Муколамаи Бонн, Форуми 9-уми ҷаҳонии об, Саммити 4-уми оби Осиё ва Уқёнуси Ором дар ҳамбастагӣ бо чорабиниҳои дарпешистода – Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмон оид ба тағйироти иқлим ва дигар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ ба ин ҳамоиши муҳимми байналмилалӣ хизмат мерасонад.

Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронси соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва механизми «Созмони Милали Муттаҳид – ОБ» дар раванди омодагӣ ба ин конфронс ҳамкории зичро бо кишварҳои узв, ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба роҳ мондаанд.

Мо бар онем, ки Конфронси мазкур, ки баъди қариб 50 сол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид баргузор карда мешавад, на танҳо аз лиҳози ченаки замонӣ, балки бо натиҷаҳои самарабахши худ бояд ҳамоиши таърихӣ гардад.

Соли 2023, ҳамчунин, аз лиҳози бозбинии миёнамуҳлати Ҳадафҳои рушди устувор муҳим буда, арзёбии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» дар давраи аввали он ба суръатбахшӣ ва такон додани талошу амалҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор изҳор менамояд.

Вобаста ба ин якҷо бо Подшоҳии Нидерланд ва шарикон аз Созмони Милали Муттаҳид барои самаранок баргузор намудани чорабинии мазкур ҳамаҷониба талош хоҳем кард.

Итминони комил дорам, ки иштирокдорони конфронси имрӯза низ фурсати муносиби ин ҳамоишро барои мусоидат ба раванди мазкур ва таҳияи паёмҳои мушаххас ба Конфронси соли 2023 пайгирона истифода хоҳанд кард.

Ба ҳамаи шумо, иштирокдорони муҳтарами конфронс, муваффақият ва барори кор мехоҳам ва умед дорам, ки боздиди шумо аз Тоҷикистон хотирмон хоҳад буд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028”

Иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028”   07.06.2022

7 июн дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Баъзе сарони давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ба таври маҷозӣ дар кори Конфронси оби Душанбе иштирок карданд.

Ҷараён ва натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028”-ро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷ инъикос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи конфронс Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор иштирокчиёни Конфронс мулоқот карда, масоили ҳамкории дуҷониба ва ҷараёну натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи баланд оид ба обро муҳокима намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба обу иқлим

Иштирок дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба обу иқлим  04.06.2022

4 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҳамоиш оид ба ҳалли масоили обу иқлим намояндагони як қатор кишварҳои олам ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок карданд.

Кори нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлимро Петтери Таалас - Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббускори тадбирҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба об ҳамчун роҳбари кишвари мизбон нахуст ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҳамоиш барор орзу карданд.

Таъкид гардид, ки нишасти имрӯза дар арафаи Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 баргузор шуда истодааст, ки ҳадафи асосиаш суръатбахшӣ ва татбиқи масъулияту уҳдадориҳои қаблан гирифташуда ва таҳрику татбиқи амалҳои тоза мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз руи таҳлилҳо бо вуҷуди талошҳову кӯшишҳои зиёд, мо дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан дар қисмати об, хеле ақиб мондаем ва масъулияту уҳдадорӣ ва амалҳои нав заруранд, то ин ҳадафҳо татбиқ гарданд.

Сарвари давлат аз таваҷҷуҳи Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати таҳия ва татбиқи амалҳои нав изҳори қаноатмандӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки  дар ҳамоиши имрӯза мо Нақшаи амали худро тасдиқ хоҳем кард ва татбиқи он дар ҳалли мушкилоти обу иқлим натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.

Таъкид гардид, ки Конфронси Душанбе низ, ҳамчун чорабинии калидии омодагӣ ба Конфронси соли 2023, ҳамбастагии зичи захираҳои об ва тағйирёбии иқлимро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор хоҳад дод.

Зимни таҳлили вазъи иқлим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо борҳо ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори ин раванд аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ баромад кардаем. Ин масъала, дар ҳақиқат, хеле муҳим аст, чун пиряхҳо сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванду захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд.

Тибқи ҳисоби коршиносон, се соли панҷсолаи охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Мусаллам аст, ки идомаи ин раванд бо дарназардошти афзоиши босуръати талабот ба об дар натиҷаи зиёд шудани аҳолӣ ва рушди иқтисод ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҳалли ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт бори дигар ташаббуси эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузоштанд.

Таъкид гардид, ки эълон шудани “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, таъсиси “Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ташкили “Системаи муттаҳидшудаи глобалии иттилоотии криосфера ва механизми байналмилалӣ”, ки барои осон кардани дастрасии иттилооти дақиқ ва саривақтӣ оид ба криосфера мусоидат менамояд, аз натиҷаҳои назарраси татбиқи ташаббуси мазкур хоҳанд буд.

Таъкид шуд, ки захираҳои об барои мутобиқшавӣ нақши муҳим доранд. Онҳо инчунин барои коҳиш додан ва ноил гаштан ба устуворӣ алайҳи ин раванд муҳиманд. Дар ин зимн Сарвари давлат таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишастро ба зарурати рушд бахшидан ба соҳаи гидроэнергетика ҳамчун тавлидкунандаи “нерӯи сабз”, ҷалб сохтанд.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки неругоҳҳо дар баробари истеҳсоли нерӯи барқи сабзу дастрас, инчунин дар идораи устувори захираҳои об, коҳиши селу обхезӣ ва хушксолӣ, инчунин кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми муносиб хоҳанд дошт.

Изҳори итминон карда шуд, ки масъалаи мазкур низ, бо дарназардошти муҳимияташ дар ҳалли ҳамгироёнаи мушкилоти обу иқлим, дар оянда мавриди таваҷҷуҳи аъзои Эътилоф қарор хоҳад гирифт.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  нақши Пешвоёни Эътилоф дар пешурди рӯзномаи ҳамгирошудаи масъалаҳои обу иқлим баҳои баланд дода, бо боварӣ зикр карданд, ки Нақшаи амали Пешвоён дар ин раванд саҳми муносиби худро хоҳад гузошт.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”  28.04.2022

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳияи Данғара самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна риштаи баландсифат моҳи августи соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Сехи ресандагии 1 дорои дастгоҳи Ритери шветсарӣ буда, асосан раванди пурраи ресандагии риштаҳои навъи 30-60, ки матои бофанда ва кешбофии аълосифат аз он омода мешавад, истеҳсол карда мешавад.

Марҳилаи дуюми он соли 2018 бо иқтидори истеҳсолии наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна ришта дар як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Сехи ресандагии 2 дорои дастгоҳи Телв Чеслери олмонӣ буда, асосан барои истеҳсоли риштаҳои пневмомеханикии навъи 10-32 истифода мешавад.

Марҳалаҳои навбатӣ дорои 3 даври пурраи коркарди ришта буда, дар он истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди се коргоҳи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғоз бахшида буданд.

То имрӯз таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пайваст карда шуда, 190 адад дастгоҳи дӯзандагӣ барои духти либос ва 1 мошини худкори буранда, 2 ҷуфт мошини тарроҳӣ, 1 дастгоҳи гулдузӣ ва 3 ҷуфт дастгоҳи дарзмолкунӣ насб гардидааст.

Дар сехи бофанда, айни замон 70 дастгоҳи калони даврашакл мавҷуд буда, асосан барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор истифода карда мешаванд, ки иқтидори солонаи истеҳсолоти он зиёда аз 7 ҳазор тоннаро ташкил намуда, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад.

Дар сехи матоъҳои кешбофӣ, 216 дастгоҳи бофандагии  матои бараш 2 метру 80 сантиметр насб гардида, асосан матоъҳои аълосифат барои либос ва рахти хоб истеҳсол мекунад. Иқтидори солонаи истеҳсолот ба 20 миллион метри мураббаъ баробар буда, талаботи корхонаро бо матоъҳои барои либосдузӣ ва рахти хоб нигаронидашуда қонеъ мегардонад.

Дар марҳилаи сеюми корхона коргоҳи рангубори матоъ дорои 11 дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, 2 дастгоҳи рангубори ришта ва як дастгоҳи андозагирӣ, ду ҷуфт дастгоҳ барои андозагирӣ ва тарҳи курпа мавҷуд аст. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 3000 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳи дузандагӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 1 миллион адад либосҳои гуногун истеҳсол карда шавад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар корхона то имрӯз 183 ҳазор дона либосҳои гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ, истеҳсол шудааст.

Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили сару либос, ришта ва матоъи кешбофӣ ба кишварҳои Русия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот мешавад.

Аз ҳисоби даромади корхона ба буҷети Тоҷикистон аз соли 2016 то имрӯз зиёда аз 150 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмуъ дар корхона 1250 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд. Оянда имкон аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонда шавад.

Бояд гуфт, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Он бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Шветсария ва Олмон муҷаҳҳаз мебошад.

Дар корхона асосан 32 номгӯи маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ аз ҷумла пахтаи аълосифат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмаа беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад.

Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара дорои 6000 гектар замин барои кишти пахта ва ду корхонаи пахтатозакунӣ мебошад. Ашёи хом, яъне пахтаи дар ин ноҳияҳо аз ҷониби Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” истеҳсолшуда барои коркард дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” равона мегардад.

Анҷом ва ба истифода додани марҳилаҳои сеюм ва чоруми лоиҳаи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Тестил” “Парки кишоварзию саноатии нассоҷии Ҷунтай Син Силу Тоҷикистон”-ро ҳамчун яке аз бузургтарин ва мукаммалтарин маҷмааи кишт ва коркарди пахта, ресандагӣ ва бофандагӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Корхона тамоми силсилаи саноати ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагиро дар бар мегирад.

Ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4 - уми Маҷмааи нассоҷии “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” дар панҷсолаи “Солҳои рушди саноат” ва дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар дастоварди арзанда маҳсуб меёбад.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ