Боздид аз Осорхонаи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Қасри Арбоб

Боздид аз Осорхонаи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Қасри Арбоб  16.11.2022

16 ноябр пас аз ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатӣ тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб идома ёфт.

Дар Қасри маданияти Арбоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Осорхонаи таърихии ин бинои муҳташам, ки соли равон ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пурра навсозӣ карда шуд, боздид ба амал оварда, бо тамошои аксу ҳуҷҷатҳои таърихӣ аз ҳар рӯзи иҷлосия ва лаҳзаҳои хотирнишини он ёдоварӣ намуданд.

 Дар толори “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият”-и Осорхонаи Қасри Арбоб маводи нодир ба намоиш гузошта шудааст.

Хусусан, дар толори намоишии “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” воқеаҳои мудҳиши гирдиҳамоиҳои ғайриқонунии тӯлонӣ, лаҳзаи риққатовари гаҳвораи бетифл, гиряи талхи модар ва кудаки маъсуми ӯ аз бадбахтӣ ва фоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тарки манзил кардани ҳазорон нафар сокинони мамлакат, вазъи гурезаҳои иҷборӣ ва даҳҳо манзараи ҳузнангези он замон дар аксҳо инъикос ёфтаанд.

Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти таърихии иҷлосия, нашрияҳои даврӣ, аксҳои бақайдгирӣ ва баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар “Оши оштӣ”, баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, иқтибос аз баҳсу андешаҳо, дастгоҳҳои наворбардориву аксбардорӣ, қолину таҷҳизоти сабти овоз то курсиву минбари баромад ва дигар ашёе, ки он замон истифода шудаанд, имрӯз чун ёдгории таърихӣ дар ин толор маҳфузанд.

Ҳамчунин аксҳои намояндагони васитаҳои ахбори омма, ки рафти Иҷлосияро ба навор гирифта, суҳбатҳои судманд анҷом медоданд, ба намоиш гузошта шудааст.

Нигораи “Ман ба шумо сулҳ меоварам” ба қалами рассом Абдураҳим Ҷабборов тааллуқ дошта, расми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба итмом расидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯи мардум бо қосидони сулҳ - кабӯтарон хеле моҳирона кашида шудааст. Дар мусаввара гӯё фазои орому таскинбахш, осмони нилгуну мусаффо ҳамқадами Сарвари давлат гашта, барои сулҳу осоиштагии мардуми меҳнатқарини тоҷик мусоидгар аст.

Дар доираи навсозии куллии Осорхонаи Қасри маданияти Арбоб ва пешниҳоди маводи маҳфузгардида бо тарҳи муосир, ҳамзамон дар ин ҷо гӯшаи таҷлили бошукӯҳи тантанаҳои 10, 15, 20 ва 25-солагии иҷлосия ва толори баргузории Коммиссияи машваратӣ оид ба рафти кори иҷлосия ташкил карда шудааст, ки аҳамияти таърихӣ дорад.

Дар толори намоишии “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият” бошад, тамоми марҳилаҳои рушду пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан расидан ба сулҳу ваҳдати комил, соҳиб гаштан ба рамзҳои давлатдорӣ, пешрафт ва ободии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе, баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини зиндагии шоиста барои мардум дар заминаи татбиқи чор ҳадафи стратегии Ҳукумат - таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ниҳоят саноатикунонии босуръати кишвар дар ин толори муҳташам дар аксу лавҳаҳои алоҳида ба таври возеҳ нишон дода шудааст.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи корхонаи коркарди санги ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»

Ифтитоҳи корхонаи коркарди санги ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»  15.11.2022

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди санги Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

 

Корхонаи нави саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълони солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат» аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шудааст.

 

Корхонаи коркарди санг дар давоми як сол дар заминаи бинои кӯҳна дар масоҳати зиёда аз як гектар бунёд гардида, бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз карда шудааст. Роҳбарияти корхона ҷиҳати босифат коркард намудани санг ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ омода намудани сангҳои ороишӣ ба шакл ва андозаи муайян технологияро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид намудаанд.  

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар шаҳри Хуҷанд

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар шаҳри Хуҷанд  15.11.2022

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бинои “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.       

 

Иншооти нав аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бинои муассиса дорои 20 синфхонаи таълимӣ ва 8 кабинети алоҳидаи фаннӣ буда, муҷаҳҳазсозии он дар доираи талаботи муосири соҳавӣ анҷом дода шудааст.

 

Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 барои наздики 1300 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  09.11.2022

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!

Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни таъсисёбии милитсияи Тоҷикистон, яъне иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қарор дорем, тамоми кормандони милитсия, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ва собиқадоронро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо тандурустиву оромӣ ва дар фаъолияти пуршарафашон барори кору муваффақият орзу менамоям.

Расидан ба истиқлоли давлатӣ дар таърихи милитсияи Тоҷикистон давраи навро оғоз намуд ва шароит фароҳам овард, ки кормандони ин ниҳод бо дарки масъулият, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ба хотири ҳимояи ин неъмати арзишмандтарини зиндагии давлату миллат, яъне истиқлолу озодӣ вазифаи муқаддасу ҷонии худро сарбаландона ба ҷой оваранд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Боздид аз ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ “Баҳор” дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат

Боздид аз ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ “Баҳор” дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат  10.11.2022

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит аз ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” боздид намуданд.

Зимни боздид аз хоҷагии моҳипарварӣ роҳбарияти корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави инкубатсионӣ ва 40 ҳавзи навро муаррифӣ карданд.

Ҳамаи масолеҳи сохтмонӣ ватанӣ буда, барои ободу зебо кардани як минтақаи вайрону валангор ва ноободи соҳили дарёча истифода гардидааст. Дар даромадгоҳи ҳамин мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёна бо сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд карда шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Шиносоӣ бо таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии қитъаи роҳи “Ромит-Пакрут” дар шаҳри Ваҳдат

Шиносоӣ бо таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии қитъаи роҳи “Ромит-Пакрут” дар шаҳри Ваҳдат   10.11.2022

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ба деҳоти Ромит ташриф оварда, бо ҷараёни навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки роҳҳои деҳоти Ромит аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” шуруъ аз соли 2019 инҷониб ҳамасола таъмиру таҷдид карда мешаванд.

То имрӯз аз ҷониби корхона беш аз 10 километр роҳҳои маҳаллии деҳоти Ромит мумфарш ва навсозӣ карда шудааст.

Аснои шиносоӣ бо қитъаҳои роҳи таъмиру азнавсозишуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани рафту омади аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёт 1 километр роҳи деҳаи Хушон бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии ҶДММ “Баҳори пурфайз” ва боздид аз намоиши дастовардҳои сокинони шаҳри Ваҳдат

Ифтитоҳи марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии ҶДММ “Баҳори пурфайз” ва боздид аз намоиши дастовардҳои сокинони шаҳри Ваҳдат  10.11.2022

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии ҶДММ “Баҳори пурфайз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба хотири рушди соҳаи парандапарварӣ дар мамлакат ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шудааст. Бо истифода аз чунин имтиёзҳо Корхонаи парандапарварии “Баҳори пурфайз”-ро соҳибкори маҳаллӣ Эргаш Отаҷонов бунёд намуд, ки дар он 30 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” дар ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” дар ноҳияи Ёвон   02.11.2022

2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди саноат - 2022-2026” бунёд карда шуда, дар он беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ