Баргузории чорабинии маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионӣ бо ииштироки намояндаи Агентӣ

Дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” бо иштироки масъулини Агентӣ, сардори раёсати амнияти санитарӣ, эпидемологӣ ва ҳолатҳои фавқуллодаи вазорати болозикр, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Ваҳдат, муовин ва ҳайати шахсии Маркази болозир омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия доир карда шуд.

 

Дар доираи чорабинии мазкур ба иштирокчиён мафҳуми меъёрҳо ва муқаррароти  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ,  боби 38 Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия) ва Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) шарҳу тавзеҳ  дода шуда, байни маърӯзачиён ва иштирокчиён атрофи саволҳои алоҳида муколама баргузор гардид.

 

Маркази матуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ