Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳи Кӯдакистон ва муаррифии бинои Маркази хизматрасонии нав

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳи Кӯдакистон ва муаррифии бинои Маркази хизматрасонии нав  16.08.2023

16 август дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Ванҷ ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Ванҷ нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бинои навбунёди хуштарҳу замонавии Кӯдакистони рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муосири муассисаи томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Дар муассисаи томактабӣ кӯдакон дар 8 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Кӯдакистон дорои синфхонаҳои барҳаво барои машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳати кӯдакон, нуқтаи дастшуӣ, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва кормандон, нуқтаи тиббӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулоти хӯрока ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар кӯдакистони ноҳияи Ванҷ 38 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кории доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ҷараёни таълим дар боғчаи кӯдакона бо забони давлатӣ, ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои машғулият бо тамоми аёниятҳои таълимӣ ва дигар воситаҳои фароғатӣ барои тарбиятгирандагон таъмин мебошад.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки оянда омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ низ дар кӯдакистон ба роҳ монда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон бо дуструякон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд.

Иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Бинои муосири хуштарҳу навбунёд дар ноҳияи Ванҷ дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 1772 метри мураббаъ, қомат афрохтааст.

Иншоот бо системаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Кӯдакистони нав дар ноҳияи Ванҷ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, иқдоми муҳим ва зарурӣ дар татбиқ гардидани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2020-2025” маҳсуб меёбад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар бинои кӯдакистон баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда барои тарбияи насли наврас дар руҳияи Ватандӯстиву хештаншиносӣ садоқатмандона кору фаъолият намоянд.

Кӯдакистони рақами 1 дар ноҳияи Ванҷ дуюмин муассисаи томактабӣ буда, ба истифода супоридани он барои фарогирии бештари насли наврас ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи боздид аз кӯдакистони нав дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат бинои навбунёди Маркази хизматрасонӣ муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти мазкур моҳи май соли 2019 бо ҷалби сохтмончиёни маҳалӣ оғоз гардида, он дар масоҳати умумии 1500 метри мураббаъ сохта шудааст.

 Иншооти хизматрасонии муосир дар маркази ноҳияи Ванҷ аз ду ошёна иборат буда, дорои меҳмонхона бо 9 ҳуҷра ва 18 ҷойи хоб, ҳамом, сартарошхона ва кошонаи ҳусн мебошад.

Фармоишгари иншооти муосири хизматрасонӣ дар ноҳияи Ванҷ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба маблағи 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расидааст.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази хизматрасонии муосир дар ноҳияи Ванҷ 15 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуда, мутахассисон ва сокинон ба корӣ доимӣ ва маоши хуб дар иншооти мазкур, таъмин гардиданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ