Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Боздид аз Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" - и ноҳияи Кӯшониён

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ дар Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" - и ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи мазкур соли 2009 ҳамчун субъекти хоҷагидор таъсис дода шуда, майдони умумии заминҳои кишти он беш аз 21 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон қариб ҳама намуди зироати кишоварзиро кишту парвариш мекунанд ва саҳми онҳо дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза назаррас аст.

Гуфта шуд, ки дар ин гармхона картошкаи навъи "Шукрона", ки ҳосилнокии баланд дорад,  моҳи декабри соли гузашта кишт гардидааст ва авали моҳи апрел ҳосили он ҷамъоварӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки соли сеюм аст, дар ноҳияи Кӯшониён кишту парвариши картошкаи барвақтӣ дар гармхона ба роҳ монда шудааст ва ин усул ба иқлими ноҳия мутобиқ мебошад.

Айни замон ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ аз гармхонаҳои ноҳия идома дорад ва то ба имрӯз аз ин ноҳия ба миқдори 160 тонна картошка ба бозор бароварда шудааст. Дар гармхонаи дигари Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" асосан лиму парвариш меёбад. Шумораи дарахтони лиму дар ин гармхона 90 бехро ташкил медиҳад. Соли гузашта хоҷагидорон 2,6 тонна лиму ҷамъоварӣ намудаанд ва дар назар аст имсол ҳосили он то ба 3 тонна расад. Барои самаранок истифода бурдани замин дар ин гармхонаҳо дар қатори дарахтони лиму помидор ва дар ҷӯяки картошка бодиринг шинонида шудааст. 

Дар Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" 35 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, дар вақти ҷамъоварии ҳосил зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд.  Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" ҳамчунин дорои корхонаи коркарди меваю сабзавот мебошад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона ба 200 тонна баробар аст.

Дар ин ҷо ҳамчунин намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ташкил карда шуд, ки Пешвои миллат аз он дидан намуданд. Дар намоишгоҳ  маҳсулоти тару тоза, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қулфинай, сирпиёз, мевагиҳо ва ғайра, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Кӯшониён истеҳсол карда шудааст ба маъраз гузошта шуд.

Ноҳияи Кӯшониён дар ҷумҳурӣ аз калонтарин ноҳияҳои аграрӣ маҳсуб ёфта, шуғли асосии сокинон кишт ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад. Иқлими ноҳия барои кишту парвариши ҳама намуди зироати кишоварзӣ мусоид аст. Хоҷагидорон ҳамасола бо истифодаи самараноку оқилонаи замин ба нишондодҳои назаррас ноил мегарданд. Дар ноҳияи Кӯшониён майдони умумии заминҳои корами обии киштшаванда барои ҳосили соли 2019 15 ҳазору 632 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз аз тарафи хоҷагидорон дар масоҳати 5 ҳазору 700  гектар кишт гузаронида шудааст.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолият, хоса кишти картошкаи барвақтӣ дар гармхона ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.