Ифтитоҳи Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман” дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман” дар шаҳри Хуҷанд  06.07.2023

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи 20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман”-ро ба истифода доданд.

Иншооти хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти меъмории муосир сохта шудааст.

Дар Маркази савдою хизматрасонии “Хонаи ман” дар маҷмуъ 70 нафар бо ҷойи кор таъмин шудааст ва оянда бо васеъ кардани доираи фаъолият шумораи кормандон ба 100 нафар расонида мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматрасонӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Дар зарфи ду сол 90 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд созанд.

Тавассути бунёди ҳамин гуна маркази хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ ва дар асоси таҷрибаи ғанӣ ба роҳ мондани фаъолият хизматрасонӣ ба талаботи муосири сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир таваҷҷуҳи кормандонро ба хизматрасонии сатҳи баланду босифат ҷалб карданд. 

Дар ошёнаи якуми бино фаъолияти аввалин намояндагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёвар” дар вилояти Суғд ба роҳ монда шуд.

Дар ин ҷо ҳамагон метавонанд аз хизматрасонии маркази калони савдо, дорухона ва нуқтаи фурӯши таҷҳизоти электронӣ истифода намоянд.

Бо дарназардошти талаботи замони муосир фаъолият бо афзалият ба иқтисодиёти рақамӣ, асосан ғайринақдӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. 

Бо истифода аз таҷҳизоту таҷрибаи нав, аз ҷумла шароити худхизматрасонӣ, яхдонҳо, кондитсионерҳо, дастгоҳҳои таъминкунандаи бехатарӣ аз сӯхтор ва камераҳои назоратӣ пурра имконияти марказ ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Ҳамарӯза ба таври шабонарӯзи мизоҷон метавонанд маҳсулоти босифатро дастрас намоянд, ки зиёда аз 60 фоизи он истеҳсоли ватанӣ мебошад. 

Дар ошёнаи дуюм мағозаи фирмавии Юск (Jysk) ба фаъолият оғоз кард, ки дар он фурӯши мебал ва таҷҳизот барои хона ба роҳ монда шудааст. Мизоҷон метавонанд муроҷиат карда, аз хизматрасонии сатҳи баланди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ баҳравар шаванд. 

Дар ошёнаи сеюми иншоот фаъолияти маркази фароғатӣ барои кӯдакон ба роҳ монда шудааст. Барои фароғати наврасон таҷҳизот аз давлатҳои пешрафтаи дунё дастрас карда шудааст. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъмини зебогии шаҳру ноҳияҳо, фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва пешрафти иқтисодиёт муҳим арзёбӣ карданд.

Равшаннамоӣ ва зебогии атрофи иншоот мутобиқ ба талаботи стандарти лоиҳавӣ таъмин карда шуда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятим туҳфаҳо тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дастгирии ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ба онҳо пайваста кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Ҳамзамон имрӯз ятимон барои таҳсилу фаъолият аз имтиёзҳо баҳравар ҳастанд.

Бунёду навсозии иншооти замонавии соҳа ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани шароити таҳсилу зисти ятимон натиҷаи дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дастгирии ятимону бепарасторон зери ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва давлат намегузорад, ки онҳо эҳсоси танҳоӣ кунанд.

Дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ ва фароҳам овардани шароит барои омӯзиш имрӯз ҳавасмандии ин гурӯҳи наврасонро барои таҳсили намунавӣ ва оянда хизмат кардан ба нафъи давлату миллат афзун гардонидааст.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ