Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли кошинҳои резинӣ дар ҶДММ “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ"-и шаҳри Норак

20 март бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ -  механикӣ”-и шаҳри Норак мавриди истифода қарор гирифт.

Коргоҳи мазкур бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он дар як рӯз 35 метри мураббаъ ва дар як сол 9 ҳазор метри мураббаъ кошинҳои резиниро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳи нав бори нахуст аз шинаҳои автомобил, ки  фарсуда шудаанд, се намуди маҳсулот истеҳсол гардида,  ин  номгӯи масолеҳи сохтмонӣ дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, саҳни боғчаҳои кӯдакона ва роҳравҳо васеъ истифода карда мешавад.

Хати технологии коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, тавассути он тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи замони муосир ба роҳ монда шудааст. Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шумораи коргарону мутахассисон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ- механикӣ” ба зиёда аз 150 нафар расид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи мазкур ба фаъолияти коргоҳи нави буриш ва ороиши варақаҳои оҳанини андозаи 2 ва 150-миллиметра, ки  бо  дастгоҳи муосири рақамии компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, шинос шуданд.

Ин коргоҳ бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ин ҷо асосан болорҳо, қолабҳои гуногун ва ороишҳои оҳанӣ истеҳсол  карда мешаванд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як сол коркарди 3 ҳазор тонна оҳанро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳҳои нав, ки дар  онҳо истеҳсоли масолеҳи сохтмонии дорои сифати баланд ва рақобатпазир сурат мегирад,  баҳои баланд доданд.

Ба масъулон дастур доданд, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаро беш аз пеш афзун намоянд.

Маврид ба таъкиди хос аст, ки дар коргоҳҳои Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ - механикӣ” якчанд номгӯй масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла қолаб ва аркҳо барои бунёди нақбҳо, электроди кафшергарӣ, шишаи моеъ, сеткаҳои деворбандӣ ва армасеткаҳо, симхор, бомпӯшҳои оҳанӣ, профилҳои  тунукагӣ, бетони молӣ бо  технологияи  компютерӣ ва  симтаноб барои кранҳои  борбардор истеҳсол мегарданд, ки ҳамаи он воридотивазкунанда буда, қаблан аз хориҷи кишвар дастрас карда мешуданд.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона асосан барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, аз  ҷумла “Роғун” истифода карда мешавад, ки ҳамзамон зиёда аз 600 нафар коргарону мутахассисони корхонаи мазкур дар ин иншооти аср дар самти корҳои зеризаминӣ ва харротӣ бо истифода аз техника ва технологияи муосир, ки назирашон дар Осиëи марказӣ мавҷуд нест, фаъолияти босамар  доранд.

Бояд гуфт, ки ифтитоҳи чунин коргоҳҳои нави саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои  татбиқи босамари ҳадафи чоруми миллӣ -  саноатикунонии  босуръати мамлакат замина хоҳад гузошт.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.