Гирифтани пора дар доираи ваколати хизматӣ

Наимов Парвиз Саидович дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳии раёсати ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сардори шуъбаи мазкур Мирзоев Далер Сатторович зимни фаъолияти кориашон ҳамчун шахси мансабдор аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати гирифта додани иҷозатномаи машғул шудан ба фаъолияти идораи букмекерӣ ба сифати пора маблағи 3000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 1000 доллари ИМА-ро гирифта, боз оварда додани маблағи 2000 доллари ИМА-ро талаб намудаанд.

 

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани боқимонда маблағи 2000 доллари ИМА Наимов П.С. ва ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Мирзоев Д.С. дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

 

Дар ин хусус, нисбати Наимов Парвиз Саидович ва Мирзоев Далер Сатторович бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷони тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркуни барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ