Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Таъиноти кадрӣ

 

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин гардид.

Тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Савзаалӣ Назирзода - директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир - муовини якуми директори Агентии  таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Файзуллозода Хуршед Мирзо бо сабаби ба вазифаи Директори генералии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин гардидан, аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” озод шуда, ба ҷой ӯ Нориён Парвиз Исматулло директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Нурулло Ғаффор - директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ таъин гардид.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кадрҳои сатҳи роҳбарии дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷайҳуну Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба, болаёқат ва поквиҷдони соҳа таъин гардиданд.

Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритуси вилояти Хатлон иваз гардида, дар сохтори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи кунунии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъул таъингардидаро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд. 

“Тавре бояд заҳмату фаъолият намоем, ки барои пурра решакан кардани ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар самтҳои хариду фурӯши замин,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гуруҳҳои террористиву ифротгаро, натиҷаи дилхоҳ дода, Шумо дар ҷомеа намунаи ибрат бошед” – таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Маълумоти бештар:


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.