Иштироки ҳайати Агентӣ дар “Конфронси роҳбарони ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба мубориза бо коррупсия”

 Дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ “Конфронси роҳбарони ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба мубориза бо коррупсия” ҷараён дошта, баргузории чорабинии мазкур дар рӯзҳои 20-21 декабри соли 2022 пешбинӣ шудааст.

 

 Мақсад аз баргузории конфронс қабули Конвенсияи Макка оид ба ҳамкорӣ байни мақомотҳои зиддикоррупсионии узви Созмони Ҳамкории Исломӣ буда, дар он намояндагони зиёда аз 50 давлати узви ин Созмон иштирок намуда истодаанд.

 

 Ҳайати кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ намояндагӣ менамоянд.

 

 Дар кори конфронс директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид доир ба сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иброз кард, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, кишвари мо омода аст бо созмону ташкилотҳои байналмилалие, ки дар самти муқовимат алайҳи ин падидаи манфур фаъолият мебаранд, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.

 

 Иштирокчиён ба кори конфронс баҳои баланд дода, онро имкони хубе барои ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар самти муқовимат ба коррупсия ва барқарор намудани робитаҳои корӣ ва дӯстона бо мақомоти дахлдори кишварҳои узви Созмон маънидод намуданд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ