Иштироки директори Агентӣ дар 26-умин нишасти Гурӯҳи роҳбарикунандаи Шабакаи зиддикоррупсионии СҲИР

 16 ноябри соли 2022 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия 26-умин нишасти Гурӯҳи роҳбарикунандаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодии Рушд (СҲИР) баргузор гардид.

 

 Ҳайати кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ, муҳтарам  Султонзода Сулаймон Саид дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.

 

 Ҳамзамон дар ҷаласа намояндагони беш аз 30 кишвари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, инчунин аъзои гурӯҳи кории зидди коррупсионӣ дар СҲИР, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорӣ низ ширкат варзида, доир ба мавзӯъ ибрози андеша намуданд.

 

 Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур қабули Барномаи кории Шабакаи зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2023-2026 буда, таъкид гардид, ки ин барнома пеш аз ҳама бо назардошти ҷанбаҳои илман асоснок барои дастгирии кишварҳои узви шабака дар тадбиқи ислоҳоти зиддикоррупсионӣ, инчунин таъмини риояи қонунгузории дохилидавлатӣ, ки аз муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷумла, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия бар меоянд заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

 Ғайр аз ин, дар чорабинӣ усулҳои баргузории даври 5-уми мониторинги иҷрои тавсияҳои СҲИР дар асоси Нақшаи Истамбулии амалҳо оид ба мубориза бар зидди коррупсия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муайян карда шуд.

 

 Дар охир, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам пурзӯртар намудан дар тадбиқи ислоҳоти зиддикоррупсионӣ ҳамкориҳо дар доираи Барномаи кории Шабакаи зиддикоррупсионӣ тақвият дода шавад.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ