Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Иштирок дар маросими ба истифода супоридани хатти нави технологии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»

 

28 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” боздид ба амал оварданд. Дар инҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд.

Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи “Қолинҳои Қайроққум”  то ин замон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид карда мешуд. Баробари фаъол гардидани сехи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа дониста мешавад.

Дар ин сех асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизоти ин сех аз Белгия, Олмон ва Фаронса харидорӣ шудаанд. Ба маълумоти масъулин, айни замон иқтидори истеҳсолии сехи мазкур дар як шабонарӯз истеҳсоли 8,5 тонна, дар як моҳ 250 тонна ва дар як сол 2 миллиону 700 тонна риштаро ташкил медиҳад.

Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ин коргоҳи истеҳсолӣ бо маблағи умумии 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Бо фаъол гардидани ин сех 70 сокини шаҳри Гулистон бо маоши 1500 сомонӣ барои худ ҷойи кори доимӣ пайдо намуданд.

Хатти нави технологӣ дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» аз қисматҳои истеҳсоли  ришта, бофандагӣ ва пардоздиҳӣ иборат мебошад. Бо таъсиси хатти нави истеҳсолӣ ин корхона имкон дорад дар оянда корхонаҳои дигари истеҳсоли қолин дар ҷумҳуриро бо ашёи хом, аз ҷумла ришта таъмин намояд.

Бояд зикр намуд, ки маҳсулоти корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» давоми 60 сол мешавад, ки бо сифат, зебоӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигоре, ки инъикосгари анъанаҳои халқҳои Шарқ мебошад, дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад. Бо назардошти роҳандозӣ намудани истеҳсоли ашёи хом ва таъмин намудани кори мунтазами истеҳсолот, масъулин  пеш аз ҳама коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулотро пешбинӣ мекунанд ва бовар доранд, ки  ташкили ин сех ва истеҳсоли риштаҳои полипропилении пати қолин барои боз ҳам бозоргир шудани маҳсулоти ин корхонаи бузурги саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидати бештар хоҳад кард.

Дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии корхонаи мазкур, ки ба таври хеле зебо омода шуда буд, дидан карда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда баҳои баланд доданд. Ҳамчунин Пешвои миллат аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро зиёд карда, ҷойҳои нави корӣ ташкил намоянд.

Лозим ба таъкид аст, ки шурӯъ аз соли 2013 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” шаш адад дастгоҳи нави бофандагӣ дастрас карда шуда, ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд, сифати он беҳтар ва дар як вақт рақобатпазирии он дар бозори фурӯш таъмин карда шудааст.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.