Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии эстакада дар маҳаллаи 82-юми пойтахт мешавад.

 

13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба маҳаллаи 82-юми пойтахт ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонии эстакада дар ин мавзеъ аз наздик шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба итмом расида, айни ҳол мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, сохтмони истгоҳҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои пиёдагард ва ободонии атроф бомаром идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони иншооти мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 оғоз ёфта буд. Он вақт Роҳбари давлат ба фармоишгарону пудратчиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим дастури қатъӣ дода буданд. Мутобиқи лоиҳа, сохтмони ин иншоот бояд 1-уми сентябри соли ҷорӣ, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ пурра анҷом дода шавад.

Тарҳи мазкур дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” амалӣ гашта, иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд ҳаракати нақлиёт дар ин масир бемамоният ба роҳ монда шавад.

Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуюми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд гардида, дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб як пул бо дарозии 125 метр сохта шудааст. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи мазкур 4 роҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтаанд, ки феълан таъмиру муҷаҳҳазсозии онҳо бо системаи рӯшноидиҳӣ бомаром идома дорад.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида, назорати сифати сохтмон аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда шудааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ наздик ба 170 нафар ҷалб гардидаанд, ки 150 нафари онҳоро мутахассисони маҳаллӣ ташкил дода, феълан бо маоши хубу саривақтӣ таъминанд.

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мегардад. Паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кўпрукҳои “Синдзян-Бейсин”–и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.

Аснои суҳбат бо сохтмончиён Пешвои миллат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба ободонии гирду атроф, назорати сифати корҳои боқимонда ва анҷоми саривақтии сохтмони мазкур ҷалб намуданд.

Қобили зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамонияти нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, ҳамчунин рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳи чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта мешавад.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи 2-юми лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” оғоз бахшиданд.

Тавре маълум шуд, дар марҳилаи навбатӣ аз муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе роҳи мошингард пурра навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар ин мавзеъ низ корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, пудратчии он Ширкати "Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардидааст. Назорати сифати корҳоро дар ин марҳила Ширкати машваратии "Эптиса"-и Испания бар уҳда дошта, тибқи лоиҳа, чорроҳаи назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино пурра навсозӣ карда мешавад.

Зимни муаррифии тарҳи мазкур, гуфта шуд, ки паҳноии ин роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат бунёд мегардад. Дар ин баробар сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар назар дошта шудааст, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамонияти тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии нақлиётро аз байн мебарад.

Лоиҳаи мазкур дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастандаркорони лоиҳаро бобати назорати қатъии сифати роҳи сохташаванда муваззаф намуда, таъкид доштанд, ки бояд роҳи мазкур мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати олӣ бунёд гардад, то он барои мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намояд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.