Вохӯрии маҷозӣ бо Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

28 марти соли 2023 дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  бо иштироки коршиносони мақомотҳои зикршуда ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маҷозӣ доир гардид.

 

Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи меъёрҳои поквиҷдонӣ дар хизмати давлатӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, қоидаҳои рафтор, фаъолияти самараноки сохторҳои назорати дохилии вазоратҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Ҳамчунин, ҷонибҳо доир ба як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду мақомот табодули афкор намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ