Хабарҳо

Image
Image
Image
Image

Дастовардҳо

Мавқеи ҷойгиршавии дастгоҳи марказӣ ва раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентӣ

Баннерҳои таблиғотӣ

 

Истиқлолияти давлатӣ барои ба вуқӯъ омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон заминаҳои устувор фароҳам овард. Тантанаи соҳибихтиёрии давлатӣ ба мардуми тоҷик дар масири таърих бори дигар имкон дод, ки баъд аз қарнҳо ба эҳёи дубораи давлатдории миллӣ шурӯъ намояд.

Мутаассифона, дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мо натавонистем, ки ин неъмати бебаҳоро ба таври дахлдор ҳифз намоем. Ҳодиса ва воқеаҳое, ки бо назардошти омилҳои гуногун ибтидои солҳои 90 - уми қарни гузашта дар рӯзгори ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омада, кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашид. Вазъияти мазкур боиси ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор шудани тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ гардид. Авзои онрӯзаи Тоҷикистон то ба ҳадде пешгӯинашаванда ва мураккаб буд, ки хатари парокандашавии миллат, заволи давлат ва ба қисматҳо ҷудо гардидани ҳудуди Тоҷикистон пеш омада буд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои қатъӣ бобати хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик, баргардондани гурезагони иҷборӣ ва рӯ ба сӯйи корҳои созандагӣ ҳидоят намудани шаҳрвандони мамлакат ба миён омада буд. Дар ҳамин росто баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI - уми Шӯрои Олӣ заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қабули қонуну санадҳои меъёрии тақдирсозро асос гузошт. Муҳимтарин дастоварди бузурги ин иҷлосияи таърихӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва ҳувияти баланди миллидошта ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ӯ дар ҳоле зимоми ҳокимиятро ба даст гирифт, ки халқи тоҷик дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дошта, умеди ӯ ба сӯи фардои ҳаёт норавшан буд. Вазифа ва ҳадафҳое, ки пешорӯ меистоданд, пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини ҳар чи зудтари сулҳу субот, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон маҳсуб ёфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дарк менамуд, ки аз иҷрои қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини воқеии волоияти қонун, пойдории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолияти босамари сохторҳои давлатӣ вобастагии калон дорад. Чунин тадбир метавонист заминаи таъмини ҳаёти осудаҳолонаи сокинон, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ, анҷом додани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа гардад.

Аз рӯзҳои аввали кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои тақдири минбаъдаи давлати Тоҷикистон эҳсос мешуд. Дар Иҷлосия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умум, гурезаҳо, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст додаанд, инчунин беш аз 70 қонуну қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ, волоияти қонун, фаъолияти мунтазами мақомоти давлатӣ, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомоти пайдарпайи роҳбарияти сиёсии дар Иҷлосия интихобгардида барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва бунёдкориву созандагӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд. Ҳанӯз дар рафти Иҷлосия, алалхусус дар баромадҳои Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои пазируфташудаи фарҳанги ҳуқуқӣ муайян шуданд. Эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявӣ, ташкили ҳокимияти нави давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, амнияти ҷомеа ва давлат, зиндагии арзандаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ, ривоҷи соҳибкорӣ ва шаклҳои дигари фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, гузаштан ба низоми нави сиёсӣ, фаъолияти озоди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, волоияти қонун, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ дар асоси эҳтироми принсипҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дахолат накардан ба кори ҳамдигар ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн дар маҷмӯъ аз ҷумлаи он арзишҳои ҳуқуқӣ буданд, ки ҳанӯз дар рафти фаъолияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат эълон шуда буданд.

Ҳамин тариқ, пеш аз қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Раиси он, Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ чун самти стратегии инкишофи минбаъдаи кишвар муайян мешавад. Ин ғоя ва ҳадафи миллӣ дар матни Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 сабт гардид.

Аввалин маротиба дар масири таърих шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намоянд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 яке аз арзишмандтарин ва нодиртарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ ба шумор меравад. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 21 июли соли 1994 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кард ва якҷоя бо раъйпурсӣ дар баробари қабули Конститутсия интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намуд. Санаи 6 ноябри ҳамон сол тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи интихоботи умумӣ ва мустақим интихоб гардид.

Конститутсияи Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кардааст. Мувофиқи он «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».

Бори нахуст рӯзи 16 ноябри соли 1994 дар вазъияти тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард, ки тамоми ҳастиву фаъолияти хешро барои рушду пешрафти Тоҷикистон, таъмини шароити арзандаи зиндагонии ҳар фард, ҳифзи сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебахшад.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Хизматҳои шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, аз ҷониби мақоми Олии қонунгузории кишвар ба он кас моҳи декабри соли 2015 унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сазовор дониста шуд ва дар ин хусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз 25 декабри соли 2015 қабул гардид. Баъдан бо назардошти таклифу пешниҳодҳои олимону мутахассисон, коршиносон Қонуни зикршуда дар тарҳи нав бо номи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016, №1356 қабул карда шуд.

Дар ҳақиқат гузашти солҳо собит намуд, ки дарвоқеъ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати бобарор ва хирадмандонаву дурандешонаи хеш бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хизматҳои беназирро анҷом доданд. Ин ҳама сулҳ, ваҳдат, ободӣ, рушд, амният, ҷовидонагии давлати миллии мо натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи муҳими тақдирсози таърихи навини халқи тоҷик мебошад.

Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорем.

Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан E-mail

Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.

Ҷустуҷӯ