Гуфтаҳо :

Баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия

 

Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.
Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.
Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгўй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ–Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд (соли 2003) узви он мебошад.
Барномарезии давлатии мубориза бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
Қобили қайд аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз мавҷудияти Стратегияи зикршуда ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
Назорати иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ба зиммаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузошта шуда, Агентӣ вазифадор гардидааст, ки аз натиҷаҳои мониторинги маҷмўии ҳолати иҷрои он ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
Аз ин лиҳоз, Агентӣ соли равон амалишавии чорабиниҳои пешбининамудаи Стратегияро дар вазоратҳои молия, адлия, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, саноат ва технологияҳои нав, Палатаи ҳисоб, кумитаҳои андоз, меъморӣ ва сохтмон, забон ва истилоҳот, агентиҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии аксар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиш ва таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.
Муайян карда шуд, ки вазъи иҷрои талаботи Стратегия дар Вазорати адлия, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбатан хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои алоҳида вобаста ба татбиқи Стратегия ба талабот ҷавобгўй нест.
Зеро масъулини вазорат нисбати пешгирии хароҷоти ғайриқонунии маблағҳо, вайронкунии интизоми молиявӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазирӣ бо коррупсия саҳлангорӣ намуда, барои тарбия намудани кадрҳо дар руҳияи садоқат ба Ватан, дасту дили пок ва поктинатӣ дар хизмати давлатӣ тадбирҳои зарурӣ намеандешанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 ҷиҳати иҷрои самараноки банди 45 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия “Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ” қабул карда шуда, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вазифадор гардидааст, ки аз натиҷаи иҷрои методологияи номбурда дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
Дар давраи сипаришуда Агентӣ дар 10 вазорату идораҳо санҷиш гузаронида, муайян намуд, ки масъулини аксар сохторҳои давлатӣ ҳолати иҷроиши ин санади меъёрии ҳуқуқиро ба таври дахлдор ба роҳ намондаанд.
Қобили қайд аст, ки созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, аз ҷумла, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд ҳолати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияро таҳлил намуда, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додаанд, ки ҷиҳати дар қонунгузорӣ муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани он чораҷуӣ намояд.
Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Агентӣ 24 феврали соли 2017 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 663 иловаи 1 ворид карда шуд, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои иҷро накардани Барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи он пешбинӣ менамояд.
Аз рўзи ворид гардидани тағйироти мазкур то ин давра бо моддаи 663 Кодекси мазкур нисбати 156 нафар шахсони мансабдор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, нисбати онҳо ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи умумии 156 000 сомонӣ таъин карда шудааст.

Бо мақсад мувофиқ аст, ки дар оянда роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия ба саҳлангори роҳ надода, масъулияти таъмини иҷрои онро ба зиммаи худ гиранд.
Чи тавре ки, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.
Аз ин лиҳоз ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба роҳ монда шавад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.