Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакори

 

Комилзода Шариф дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо сармуҳосиби Муассисаи мазкур Бобоҷонов Маҳмад Уктамович бо маслиҳати пешакӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиби маблағи умумии 370760,82 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маоши кормандон бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ

 

Муллоев Темур Тоҷиддинович дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати Раёсати хоҷагии манзилию комуналӣ ва сохтмонии шаҳри Ваҳдат кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо  роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, маблағи умумии 60830,26 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, дар эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудаст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи музди меҳнати кормандони Донишкада

 

Ҳотамова Нодира Азимджановна дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муҳосибони донишкадаи мазкур Каримова Ф. А., Абдуллоев М. Р. ва Боймуратова Р.Ф. ҷинояи азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир кардаанд.

Чунончӣ, номбурагон бо истифодаи мақоми хизматӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 1079370,77 сомониро тасарруф намудаанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ҳамчун усули самарноки пешгирии коррупсия

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар моҳҳои август - декабри соли 2021 дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои дохил намудан ба донишгоҳ

 

Маҳмадализода Зокир Давлатали дар вазифаи ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои дохил намуданаш ба Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва гирифтани баҳои имтиҳон дар се ҳолат ҷамъ маблағи 7250 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро накардааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои интиқоли донишҷӯ

 

Қурбонов Комрон Эраҷович дар вазифаи муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ва бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои интиқол додан аз Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе маблағи 4000 сомонӣ талаб намудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағ бо истифода аз мақоми хизматӣ

 

Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник-заминсози КДФ “Суғдзаминсоз” фаъолият карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А”, барои тайёр карда додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин барои манзили истиқоматии сохтмонаш нотамом дар якчанд ҳолат дар маҷмӯъ маблағи 3700 доллари ИМА-ро талаб карда гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳои зикршударо тасарруф намудааст, ки бо ин кирдораш ба шаҳрванд зарари калони моддӣ расонидааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобии корманди идораи замин

 

Раҳимзода Аскар Зоирҷон дар вазифаи сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор кор карда истода дар давраи фаъолияти кориаш қасдан, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи ваколати мансабӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ду ҳолат ҷамъ маблағи 7000 сомонӣ гирифта, тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накардааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ