Гирифтани маблағ барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагӣ

 

Ибодуллозода Нематулло дар вазифаи директори Мактаби ронандатайёркунии ҶДММ “Чархи Роғун”-и ш. Истаравшан кор карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуллоев Илҳомҷон Иномҷонович, барои тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои “В,С,Е” аз шаҳрванд “А” маблағи 8200 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомонӣ гирифта боз оварда додани боқимонда маблағи 3200 сомониро талаб намудаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ бевосита баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 3200 сомонӣ Ибодуллозода Нематулло дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун делали шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои додани қитъаи замин

 

Санатуллозода Суҳбатулло дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани молу мулки ғайр аз шаҳрванд “А” барои дар масоҳати 2627 м² ҷудо карда додани қитъаи замин бо мақсади сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар якчанд ҳолат дар маҷмуъ маблағи 102702 сомониро гирифта, тасарруф намуда, ба шаҳрванд зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои додани иҷозатнома

 

Сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамири Файзиддин бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иҷозатномаи «Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ» ва «Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сухтан доранд» маблағи 23000 сомониро талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Сайдамири Файзиддин пас аз гирифтани маблағи 23000 сомонӣ дар утоқи кориаш, дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ

 

Дустов Раҷабали Ҷумахонович дар вазифаи сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш маблағи 22000 сомонӣ талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Дустов Р.Ҷ. баъди бевосита талаб карда гирифтани маблаѓи 22000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 22000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобии корманди суд

 

Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин, собиқ сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои ба манфиати охирон ҳал намудани баҳси молу мулкӣ вобаста ба нуқтаи таъмири автомашинаҳо, ки дар баррасии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, инчунин дар якчанд ҳолат аз як гуруҳ шаҳрвандон барои пеш аз муҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудан дар маҷмуъ 64.500 доллари ИМА (баробар ба 643.435,65 сомонӣ) ва 210000 сомонӣ талаб карда гирифта, ин миқдор маблағро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба шаҳрвандон зарарҳои махсусан калони моддӣ расонидааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакори

 

Комилзода Шариф дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо сармуҳосиби Муассисаи мазкур Бобоҷонов Маҳмад Уктамович бо маслиҳати пешакӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиби маблағи умумии 370760,82 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маоши кормандон бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ

 

Муллоев Темур Тоҷиддинович дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати Раёсати хоҷагии манзилию комуналӣ ва сохтмонии шаҳри Ваҳдат кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо  роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, маблағи умумии 60830,26 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, дар эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудаст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи музди меҳнати кормандони Донишкада

 

Ҳотамова Нодира Азимджановна дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муҳосибони донишкадаи мазкур Каримова Ф. А., Абдуллоев М. Р. ва Боймуратова Р.Ф. ҷинояи азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир кардаанд.

Чунончӣ, номбурагон бо истифодаи мақоми хизматӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 1079370,77 сомониро тасарруф намудаанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ