Қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин

  Ҳасанов Фирӯз Раҳматович, дар вазифаи сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ дар се ҳолат аз шаҳрвандон маблағи умумии 100.000 сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш тасарруф намуда, ба онҳо ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо карда додааст.

 

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳасанов Фирӯз Раҳматович бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 3381 қисми 2 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расонидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои омода кардани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям

 Нарзуллоев Сайёдҷон Боймуродович дар вазифаи сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониашро гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб намудааст.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нарзуллоев С.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2000 сомонии дигар дар ҷой ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон”

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва огаҳӣ аз таъриху тамаддуни хеш, омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дар байни ҳайати шахсии мақомот ба роҳ мондааст.

 

 Бо ин мақсад таърихшиносону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷалб гардида, мазмуну моҳияти ин шоҳасар ва ҳодисаҳои таърихии халқи тоҷик аз давраҳои хеле қадим то замони муосир мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ

 Маҳмадхоҷаев Наҷмудин Шарифхоҷаев дар вазифаи  сармутахассиси Кумитаи идораи  замини ноҳияи А.Ҷомӣ кор карда,  дар давраи фаъолияти  кориаш бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо сӯиистифода аз ваколатҳои хизматии худ аз шаҳрванд “А” барои аз заминҳои ҳудуди ноҳия ҷудо карда додани 0,06га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани он маблағи 9000 сомонӣ талаб намуда гирифта, маблағи тасарруф намудаашро ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардааст.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Маҳмадхоҷаев Н.Ш. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «в,г» ва 3381 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Семинари омӯзишии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Дарёфти роҳҳои муосир ва самараноки муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

  26-27 майи соли 2022 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ҷалби намояндагон аз вазорату идораҳои давлатӣ дар истироҳатгоҳи “Сароб”-и ноҳияи Варзоб семинари омӯзишии ҷумҳуриявӣ зери унвони “Дарёфти роҳҳои муосир ва самараноки муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

 

 Нахуст чорабиниро роҳбарияти Агентӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳузури иштирокчиёнро ба семинари мазкур хайрамақдам гуфтанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Семинари омӯзишӣ бо масъулини самти муқовимат ба коррупсияи дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ

   20-21 майи соли 2022 дар бинои маъмурии дастгоҳи марказии Агентӣ бо иштироки муовини директори Агентӣ, генерал-майори адлия Аҳмадзода М.Р. ва масъулини самти муқовимат ба коррупсияи дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ дар доираи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 

 Чорабинии мазкур бо мақсади мубодила ва такмил додани таҷрибаи кормандони воҳидҳои маҳаллию минтақавии самти муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, ҷиҳати ошкор ва баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, гузаронидани санҷишҳои ҳолати иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тартиби баргузории чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва таҳлили хавфҳои коррупсия роҳандозӣ карда шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби директори ҷамъият

 Мирзоев Маҳмадӣ Баротович дар вазифаи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳроб-2016” ҳамчун мактаби ронандатайёркунӣ кор карда, бо истифодаи ваколати идоравӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ба боварии шаҳрвандон даромада, аз  онҳо дар ду ҳолат маблағи 10 000 сомониро барои гувоҳномаи хатми курси таълимии ронандагӣ дараҷаи “В” талаб карда гирифта, дар эҳтиёҷоташ сарф намудааст ва ба манфиати шаҳрвандон ягон амалро иҷро накарда, ба онҳо зарари ҷиддӣ расонид.

 

   Дар ин хусус, нисбати Мирзоев М.Б. бо моддаи 295 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шуд.

 

   Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллоби барои мусоидат намудан оиди санади интихобии киъаи замин

 Маҷидов Ҳасан Достиевич дар вазифаи котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо расонидани зарари ҷидди содир намуд.

 

 Чунончӣ, номбурда бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯистифодаи боварӣ дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода кардани санади интихоби қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва минбаъд ҷудо карда додани он аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 12700 сомониро талаб карда гирифта, дар натиҷа ба охирин зарари чиддии модди расонид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ