Истифодаи мақоми хизматӣ бар хилофи манфинатҳои давлат

 Солиев Зоҳирҷон Раҳмонович дар вазифаи назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 3800 сомониашро гирифта, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии охиронро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намудааст. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ

 Даврони Мирзохон дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи заминсозии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Дӯстӣ кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси шартномавии Кумитаи замини ноҳияи мазкур Давлятов Умед Ҷумаевич дар њолати зерин даст ба содир намуди ҷиноятӣ қаллобӣ заданд.

 

 Чунончи, номбурдагон сӯиистифода аз мақоми хизматӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ва ба даст овардани маблағи муфт, барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрвандон дар якчанд ҳолат маблағи 30500 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати онҳо ягон амали муайянеро иҷро накарда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расониданд.

 

 Оиди ин ҳолат нисбати Даврони Мирзохон ва Давлятов Умед Ҷумаевич бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои бекор кардани ақди никоҳ

 Маруфов Баҳром Муқумович дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои «Суғд» кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани ақди никоҳи ӯ ва ҳамсараш маблағи 4000 сомонӣ талаб менамояд.

 

 Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Маруфов Б.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

 

 Вобаста ба ҳолати болозикр нисбати Маруфов Баҳром Муқумович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобии корманди нозироти андоз

 Баҳодуров Сафохӯҷа Бурҳонхӯҷаевич ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони бо патент фаъолияткунандаи шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони  Нозироти андоз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор карда, зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои рӯйпӯш намудани қонунвайронкуниаш маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст.

 

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Баҳодуров С.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ ва қаллобӣ

 Ҷумазода Ҳамза дар вазифаи сардори шуъбаи баруйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Б.Ғафуров сипас дар ҳамин вазифа дар шаҳри Конибодом кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ҳамчун хизматчии корхона аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан дар ҳуҷҷатгузории шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва гирифтани қарори эътироф намудани соҳибмулкии манзили истиқоматиаш дар  маҷмуъ маблағи 7000 сомонӣ ҳамчун мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ талаб карда гирифта, онро ба эҳтиёҷоташ сарф намуда, ба манфиати охирин ягон амалро иҷро накардааст.

 

   Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Ҷумазода Ҳамза бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “в,г” ва 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин

  Ҳасанов Фирӯз Раҳматович, дар вазифаи сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ дар се ҳолат аз шаҳрвандон маблағи умумии 100.000 сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш тасарруф намуда, ба онҳо ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо карда додааст.

 

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳасанов Фирӯз Раҳматович бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 3381 қисми 2 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расонидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои омода кардани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям

 Нарзуллоев Сайёдҷон Боймуродович дар вазифаи сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониашро гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб намудааст.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нарзуллоев С.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2000 сомонии дигар дар ҷой ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон”

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва огаҳӣ аз таъриху тамаддуни хеш, омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дар байни ҳайати шахсии мақомот ба роҳ мондааст.

 

 Бо ин мақсад таърихшиносону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷалб гардида, мазмуну моҳияти ин шоҳасар ва ҳодисаҳои таърихии халқи тоҷик аз давраҳои хеле қадим то замони муосир мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ