Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Хабарҳо

Санаи 28 январи соли 2019 шаҳрванд “А” бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки раиси Ҷамоати деҳоти Чорсӯи шаҳри Ваҳдат Раҳимов Баҳромҷон аз ӯ барои ҷудо намуда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ....
05.04.2019 10:44 653


  Санаи 01 феврали соли 2019 шаҳрванд «А» ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки мутахассис - заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Ҳисор Қудратов Ҷовид Абдузоитович барои аз номи ....
03.04.2019 10:11 570


  Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармоиши Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ....
27.03.2019 13:52 445


 Муфаттиши шуъбачаи тафтишоти Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, майори милитсия Муродов Фурқат Нуъмонҷонович зимни баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Набиев М.Т. дар суди шаҳри Бӯстон барои аз тарафи суд таъин намудани ҷазои сабук ё қатъ кардани ....
15.03.2019 11:04 598


  Давлатова Ҷамиламо Муминовна дар вазифаи Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, ноҳияи Восеъ кор карда истода, дар давоми фаъолияти кориаш санаи 22 ноябри соли 2018 аз шаҳрванд Набиева Моҳинав Ҷабборовна барои ба номи Набиева Муборак Неъматовна бидуни хатми муассиса тайёр ....
13.03.2019 09:58 603


  Шодиев Давлатбек Одилович ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ҳамин ноҳия кор карда, моҳи июни соли 2017 аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҳамин ҷамоат Мардонов Ҷума Абдумаҷидович, заминсоз Норов Фаридун Сидиқбекович, ....
06.03.2019 09:01 623


   Муҳаммадаброри Идрис дар вазифаи сардори шуъбаи назорати фармокологии маводи дорувории Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти  назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор карда аз Раҳмонов Ҳ.Ш. барои ҳуҷҷатгузорӣ накардани маҳсулотҳои дандонпизишкӣ, ки онҳо бидуни сертификати мутобиқати нигоҳдорӣ қарор ....
02.03.2019 12:03 652


  Арабов Бахтиёр Гурезович дар вазифаи директори ҶДММ «Гардуна» кор карда истода бо истифодаи мақоми хизматӣ, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини директори ҳамин ҷамъият Рустамов Тоҳир Аскарович, сармуҳосиб Хушқадамова Тоус Муборакқадамовна ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чехия Васлав Скоҳоутил бо истифода аз ....
02.03.2019 11:53 513


  Санаи 13 ноябри соли 2018 шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуд, ки нисбати ҳуқуқшиноси Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” Раҳимов Суҳроб Саидаҳмадович чорандешӣ карда шавад, зеро номбурда барои аз гарави ....
06.02.2019 09:24 638


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.