Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Хабарҳо

 Муродалиева Хосият Аҳмадовна аз моҳи майи соли 2013 дар вазифаи нозир хазинадор оид ба мубодилаи асъори филиали №75 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш ба номи нафақахурон дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон расидҳои қалбакӣ тайёр ....
06.06.2017 00:38 591


    Бародари тибби ҳуҷраи наврасони Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан Султонов Қаюм Холиқович ҳамчун котиби комиссияи тиббии даъвати соли 2017 барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани шаҳрванд «А» 1000 доллари ИМА талаб намуда, санаи 15.03.2017 аз ин маблағ 1790 ....
07.06.2017 00:36 790


    Шаҳрванд «С» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муроҷиат намуда, изҳор кард, ки Раиси хоҷагии ниҳолпарварии Бустонқалъаи ҷамоати шаҳраки Бустонқаълаи ноҳияи Бохтар, Очилдиев Фахриддин барои ба номи модари ӯ ҳуҷҷатгузорӣ ....
10.06.2017 00:32 692


   Директори МТМУ №2 шаҳри Кӯлоб, Ғуломов Ҷурахон Бозорович барои тайёр карда додани шаҳодатнома оиди хатми синфи 9, аз шаҳрванд «А» маблағи 1000 доллари ИМА, баробар ба 8000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст.    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ғуломов Ҷурахон ....
11.06.2017 00:29 805


    Мазабшоев  Эраҷ  Маъруфшоевич дар  мансаби сармутахассиси  бахши ташкилӣ-андозбандии  шахсони  воқеии  нозироти  андози  шаҳри  Хоруғ  фаъолият дошта, соли 2013 ба номи модараш Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) “Ариана-5”-ро таъсис дода, фаъолияти онро ба роҳ мондааст.       Дар давраи солҳои ....
15.06.2017 00:27 672


   Рўзҳои 6-7 июни соли 2017 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон Саид дар Ҷаласаи сеюми роҳбарони хадамоти мубориза бар зидди коррупсия ва омбудсменҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ....
15.06.2017 00:26 869


     Насриддинзода Маъруфхуҷа Суҳбат аз 14 феврали соли 2014 дар вазифаи Мудири филиали №15 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода кор карда, ҷинояти шахсан додани пораро ба шахси мансабдор содир намуд.     Чунончӣ, дар асоси фармоиши Директори Агентии назорати ....
16.06.2017 00:23 693


Қувватов Абдураҳим Абдураҳмонович дар вазифаи сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш кор карда истода, тахминан моҳҳои май-июни соли 2009 бо сӯиистифодаи мақоми хизматиаш бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон Нуралиев А. ва Муидинова Р. даромада, аз ....
21.06.2017 00:19 811


    Коррупсия яке аз хатарҳои асосии ҷомеа буда,  ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлату ҷамъият халали ҷиддӣ ворид месозад. Он пеш аз ҳама эътибори давлат ва  ҳокимиятиро дар назди ҷомеа коҳиш дода, боиси зарари зиёди иқтисодӣ ва пастшавии нуфузи ....
25.06.2017 00:16 723


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.