Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Хабарҳо

   Муовини директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод Рабиев Абдукарим аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани диплом ва шаҳодатномаи хатми курси ронандагии Литсейи мазкур 4700 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст.   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ санаи 12 июли ....
22.08.2017 09:44 954


   Зимни баррасии аризаи шаҳрванд «А» муайян карда шуд, ки Пиров Абдумутолиб Мерганович аз 05.05.2007 то ин ҷониб дар вазифаи раиси х/д «Бобои Мерган»-и ноҳияи А.Ҷомӣ кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо бародараш Пиров Мирзомуддин Мерганович моҳи феврали соли 2015 ....
14.03.2017 00:59 706


     Бояд қайд намуд, ки ҳанўз дар соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин ....
05.04.2017 00:56 1098


      Ёдгоров Рашидҷон Раҳматович дар вазифаи сармуҳосиби Шўъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан кор карда истода, давоми моҳи октябри соли 2014 то моҳи ноябри соли 2016 бидуни андозаи муқаррарии маоши кормандони соҳаи фарҳанг ба унвони Раёсати молияи шаҳри ....
25.04.2017 00:53 731


    Зардаков Ашраф Шарифович дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ ба ҳайси хазинадори шӯъбаи муҳосиба кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.01.2014 сол таҳти №20 дар шӯъбаи дил, ....
27.04.2017 00:50 815


 Бо максади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва Нақшаи чорабаиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсия вохўрии навбатии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба ....
02.06.2017 00:46 855


    Имрӯз дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.     Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия 25 ноябри соли 2015 ....
03.06.2017 00:41 535


 Муродалиева Хосият Аҳмадовна аз моҳи майи соли 2013 дар вазифаи нозир хазинадор оид ба мубодилаи асъори филиали №75 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш ба номи нафақахурон дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон расидҳои қалбакӣ тайёр ....
06.06.2017 00:38 593


    Бародари тибби ҳуҷраи наврасони Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан Султонов Қаюм Холиқович ҳамчун котиби комиссияи тиббии даъвати соли 2017 барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани шаҳрванд «А» 1000 доллари ИМА талаб намуда, санаи 15.03.2017 аз ин маблағ 1790 ....
07.06.2017 00:36 791


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.