Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Хабарҳо

      Шаҳрванд «А» ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат намуд, ки нисбати эдвейзери Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Каримов Сафаралӣ Саидумарович чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номубрда аз ӯ барои ба донишгоҳи мазкур дохил ....
28.08.2017 14:31 1252


    Мамаджонов Маҳмуджон ҳамчун муассиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Тоҷиктара” фаъолият намуда, даст ба ғайриқонунӣ додани қитъаи замин задааст. Чунончӣ номбурда аз шаҳрванд Абдураҳмонов С. А. барои ҷудо намудани қитъаи замин 19215 доллари ИМА талаб намуда, аз маблағи зикргардида ....
25.08.2017 22:25 998


      Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва Нақшаи чорабаиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ....
25.08.2017 15:04 1254


   Муовини директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод Рабиев Абдукарим аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани диплом ва шаҳодатномаи хатми курси ронандагии Литсейи мазкур 4700 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст.   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ санаи 12 июли ....
22.08.2017 09:44 952


   Зимни баррасии аризаи шаҳрванд «А» муайян карда шуд, ки Пиров Абдумутолиб Мерганович аз 05.05.2007 то ин ҷониб дар вазифаи раиси х/д «Бобои Мерган»-и ноҳияи А.Ҷомӣ кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо бародараш Пиров Мирзомуддин Мерганович моҳи феврали соли 2015 ....
14.03.2017 00:59 704


     Бояд қайд намуд, ки ҳанўз дар соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин ....
05.04.2017 00:56 1097


      Ёдгоров Рашидҷон Раҳматович дар вазифаи сармуҳосиби Шўъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан кор карда истода, давоми моҳи октябри соли 2014 то моҳи ноябри соли 2016 бидуни андозаи муқаррарии маоши кормандони соҳаи фарҳанг ба унвони Раёсати молияи шаҳри ....
25.04.2017 00:53 729


    Зардаков Ашраф Шарифович дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ ба ҳайси хазинадори шӯъбаи муҳосиба кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.01.2014 сол таҳти №20 дар шӯъбаи дил, ....
27.04.2017 00:50 813


 Бо максади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва Нақшаи чорабаиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсия вохўрии навбатии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба ....
02.06.2017 00:46 853


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.