Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Хабарҳо

     Санаи 31 январи соли 2019 шаҳрванд «А» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуд, ки нисбати котиби суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Исроилзода Фурқат чораи қонунӣ андешида ....
08.05.2019 08:43 479


  Талбаков Музавар Сафаралиевич дар вазифаи сармутахассиси Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон кор ва фаъолият карда истода, бо истифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд «А» даромада, аз охирин барои додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин маблағи ....
06.05.2019 07:51 349


     Насриддинзода Муқим Теша дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кор карда истода, тахминан аввалҳои моҳи марти соли 2019 тавассути миёнарав-шаҳрванд Табаров Наврузбек Имомудинович аз шаҳрванд “А” барои аз ҳудуди заминҳои деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ....
30.04.2019 14:28 457


  Санаи 19 феврали соли 2019 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян карда шудааст, ки шаҳрвандон Неъматуллоев Сайфулоҷон Раҳматулоевич, Содиқов Хуршед Машрабович ва ....
24.04.2019 09:11 417


Набиҷонов Алиҷон Мамадҷонович дар вазифаи омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз мақомти хизматӣ ба боварии шаҳрванд Мамуров Р.Г. даромада аз охирин барои ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил намудани ....
19.04.2019 12:10 489


Абдурашидов Абдурасул дар вазифаи муовини директори Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Конибодом кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз шаҳрванд “А” барои ба номи шаҳрванд “Б” ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,06 га. ....
13.04.2019 09:31 389


  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои дахлдор аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян карда шуд, ки Долгов Юрий Алексеевич  бо маслиҳати пешакӣ бо Абдуллоев Равшан Сайфудинович санаи 19.01 соли 2019 ....
09.04.2019 10:24 458


Санаи 28 январи соли 2019 шаҳрванд “А” бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки раиси Ҷамоати деҳоти Чорсӯи шаҳри Ваҳдат Раҳимов Баҳромҷон аз ӯ барои ҷудо намуда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ....
05.04.2019 10:44 533


  Санаи 01 феврали соли 2019 шаҳрванд «А» ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки мутахассис - заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Ҳисор Қудратов Ҷовид Абдузоитович барои аз номи ....
03.04.2019 10:11 418


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.