Талаби маблағи 18.000 сомонӣ барои дохил намудан ба Донишкада

 

Асоев Искандар Сайдуллоевич дар вазифаи нозири гурӯҳи назорати давлатии зидди сухтори Қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор кор карда истода, бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, барои ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудан аз шаҳрванд “А” маблағи 18.000 сомонӣ талаб кард.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Дастаҷамъона тамошо кардани Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

 

Имрӯз  кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи мақомот Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дастаҷамъона тамошо карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи 1.200 доллари ИМА аз ҷониби кормандони ВКД

 

Исматшозода Зебуниссо Исматшо дар вазифаи сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо таҳқиқотчии ҳамин Раёсат Ҳалимзода Қумригул Раҷаб санаи 08 сентябри соли 2020 дар бинои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз охирин бораи аз маҳзани маълумотии Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тоза кардани маълумотҳо дар бораи доғи суди доштанаш, маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2020

 

15 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода А. ва ҳайати васеи кормандон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2020 доир гардид.

Ҷаласаро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, сипас ҳисоботи сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ оид ба корҳои дар соли сипаригардида анҷомдодаашон шунида шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ

 

Бобоқулзода Назар Хурсанд, ки қаблан солҳои 2009 ва 2015 барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 247, 250 ва 314 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд, аз ин ҳолатҳо ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, моҳи ноябри соли 2019 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Алимназарова С.А. барои омода карда додани ҳуҷҷатҳои замини хоҷагии деҳқонии “Умар”-и ноҳияи Шаҳритус маблағи 5.039 сомонӣ талаб карда гирифт.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои додани қитъаи замин

 

Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» кор карда истода, аз рўи маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулович даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин маблағи 206.150 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағи 10.000 доллари ИМА аз ҷониби корманди РВКД дар вилояти Хатон

 

     Холов Шерафган Шералиевич дар вазифаи ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон кор карда, бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо мақсади бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, моҳи январи соли 2020 аз шаҳрванд Сафаров Ф.С. барои нисбати писараш-Сафаров А.Ф. дар доираи парвандаи ҷиноятии дар РВКД-и мазкур мавриди тафтиши пешакӣ қарордошта, татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат, маблағи 8000 доллари ИМА талаб намуда, онро тавассути шаҳрванд Баротов М.Т. гирифт.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағи 15.000 сомонӣ аз ҷониби корманди ШВКД

 

      Ғаюров Тахмурас Файзидинович дар вазифаи сардори қисми навбатдории ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ кор карда истода, моҳи июли соли 2018 аз шаҳрванд Собирова Х.Б. барои аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани писари охирин, маблағи 3.000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағи 15.000 сомониашро гирифта тасарруф намуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ