Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ҳамчун усули самарноки пешгирии коррупсия

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар моҳҳои январ-июни соли 2021 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа Нуъмон ибни Собит ва Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Талаби маблағ барои иваз намудани ҷазои ҷиноятӣ

 

Собиров Абдумаҷид Холмирзоевич дар вазифаи нозири Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои мусоидат кардан дар таъини ҷазои сабуктар нисбати шаҳрванд “А”, ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор дошт, аз охирин маблағи 10.000 сомонӣ талаб карда гирифта, боз оварда додани маблағи 8.000 сомонии дигарро талаб намуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Талаби маблағи 18.000 сомонӣ барои дохил намудан ба Донишкада

 

Асоев Искандар Сайдуллоевич дар вазифаи нозири гурӯҳи назорати давлатии зидди сухтори Қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор кор карда истода, бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, барои ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудан аз шаҳрванд “А” маблағи 18.000 сомонӣ талаб кард.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Дастаҷамъона тамошо кардани Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

 

Имрӯз  кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи мақомот Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дастаҷамъона тамошо карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи 1.200 доллари ИМА аз ҷониби кормандони ВКД

 

Исматшозода Зебуниссо Исматшо дар вазифаи сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо таҳқиқотчии ҳамин Раёсат Ҳалимзода Қумригул Раҷаб санаи 08 сентябри соли 2020 дар бинои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз охирин бораи аз маҳзани маълумотии Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тоза кардани маълумотҳо дар бораи доғи суди доштанаш, маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2020

 

15 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода А. ва ҳайати васеи кормандон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2020 доир гардид.

Ҷаласаро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, сипас ҳисоботи сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ оид ба корҳои дар соли сипаригардида анҷомдодаашон шунида шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ

 

Бобоқулзода Назар Хурсанд, ки қаблан солҳои 2009 ва 2015 барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 247, 250 ва 314 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд, аз ин ҳолатҳо ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, моҳи ноябри соли 2019 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Алимназарова С.А. барои омода карда додани ҳуҷҷатҳои замини хоҷагии деҳқонии “Умар”-и ноҳияи Шаҳритус маблағи 5.039 сомонӣ талаб карда гирифт.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои додани қитъаи замин

 

Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» кор карда истода, аз рўи маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулович даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин маблағи 206.150 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ