Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Хабарҳо

      20 августи соли 2019 шаҳрванд “А” ба Агентӣ муроҷиат кард, ки омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Сангинов Ҷамшед Бароталиевич аз ӯ барои ба муассисаи мазкур дохил намудани писараш шаҳрванд “Б” маблағи 21000 сомонӣ талаб карда истодааст.          ....
10.09.2019 09:05 232


      Тухтаев Достонҷон Мухторович дар вазифаи иҷрокунандаи масъули зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои ба номи писараш тайёр карда ....
03.09.2019 15:03 227


  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар 10 майи соли 2019 зикр намуданд: “Бояд таъкид намоям, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии ....
23.08.2019 15:35 251


Боқиева Зарина Ҷамахоновна, дар вазифаи муовини сардори Раёсат-сардори шуъбаи таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш дурустии солҳои 2016-2018 ва 4 моҳи аввали ....
19.08.2019 16:00 369


  Қушоқова Мавлуда Сафаровна дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, бо маслиҳати пешакӣ бо муҳосиби муассисаи мазкур Маҳмадшоева Манижа Вазировна аз моҳи январи соли 2017 то ....
14.08.2019 11:55 322


     Гулов Худоёр Қурбоналиевич дар вазифаи сармутахассис муҳандис - заминсозӣ Ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кор карда истода, моҳи июни соли 2019 аз шаҳрванд «А» барои ҳуҷҷатгузори намудани 0,45 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои ноҳияи Хуросон ....
08.08.2019 08:16 275


  Ҳакимов Фируз Файзимадович дар вазифаи мутахасиси пешбари Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ фаъолият намуда, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо сардори Шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои дастгоҳи марказии хадамоти зикргардида Азизов Ф.Ф. барои омода ....
31.07.2019 11:39 457


         Рӯзҳои 10 -11 июли соли 2019 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи панҷуми Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор гардид, ки дар он Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ....
18.07.2019 10:29 602


  Бо ташаббуси Раёсати Созмони Милали Муттаҳид рӯзҳои 1-5 июли соли равон семинари байниминтақавӣ доир ба мавзӯи «Истифодаи ғайриқонунии хизматрасониҳои интиқоли маблағ ва дороиҳо» дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он  намоянда, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ....
15.07.2019 11:38 385


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.