ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - ИФОДАГАРИ ИСТИҚЛОЛИ МАРДУМИ МОСТ!

Ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба ҳисоб рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.

 

Воқеан ҳам дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ ба таври васеъ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басе ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст.

 

Тибқи ахбори муаррихон, «Дирафши Ковиён» солҳои дароз чун рамзи ифтихор парчами давлатҳои қадимии ориёиҳо — Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён буд.

 

Аз матни «Шоҳнома» бармеояд, ки ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштанд. Яъне дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддас шинохта шуда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷон супоридаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо гуфта буданд, ки «Парчами миллӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мо аст». 

 

Ниёгони мо, Ҳахоманишиҳо (солҳои 558-330 то милод) дар таърихи инсоният яке аз нахустин Империя созмон додаанд, ки онҳо парчами хоси худро доштанд. Парчами онҳо ранги сурх дошт ва бо шилшилаҳои сурх, сафед, сабз оро дода шуда, дар мобайни он уқоби болҳояш кушода тасвир шуда буд. Уқоб дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун нишонаи қудрату тавоноӣ, қадимтарин рамзи ориёиҳо мебошад. Яъне парчами Ҳахоманишиҳо бо рангу тасвирҳояш баёнгари империяи неруманди замонро дорад.

 

Дар даврони Сосониён (солҳои 224-651) шакли парчами ниёгони мо каме тағйир ёфта, дар қисми болои он парандаи заррин — мурғи ҳумо таҷассум ёфта, дар чангҳояш саққоҳои тиллоӣ дошт ва дар бахши мураббаъи он қиматтарин сангҳо насб мегардиданд. Ҳамзамон дар ин давра парчам хурду мураббаъ гардида, онро чилипосалиб ба чор бахш тақсим менамуд.

Давлатҳои минбаъдаи ниёгони мо, ки дар сарзамини паҳновари Хуросон ва Мовароуннаҳр таъсис ёфта буданд, дар пайравӣ ба фарҳанги парчамдории ниёгон, ки албатта, решаҳои он ба умқи таърих мераванд, парчами хоси худро доштанд. Аз ҷумла, дар даврони Иттиҳоди шуравӣ Тоҷикистон аз соли 1929 то 1992 дар маҷмуъ 7 маротиба Парчам қабул кардааст.

 

Даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ (9 сентябри соли 1991) мо ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии деринаи миллат рӯ оварда, дар заминаи он рамзу муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламонро таҳия ва қабул намудем. Баробари эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ба миён гузошта шуд. Ҳамин тавр, озмуни беҳтарин Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Дар натиҷа ба ҳайати комиссия зиёда аз 200 тарҳи парчаму нишон пешниҳод гардид. Ниҳоят Парчами давлатӣ – бо се хати ранга: сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора – лоиҳаи таҳиянамудаи гурӯҳи рассомон бо роҳбарии Рассоми Халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев дар озмун беҳтарин парчам интихоб гардид.

 

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардидем.

 

Хушбахтона, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд, ҳамчун ашёи нодири таърихӣ мавриди ҳифз ва муаррифии шоиста қарор дорад.

 

Парчами мазкур матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Дарозии умумии парчами нахустин 145 сантиметр ва баландии он 85 сантиметр мебошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои Парчами миллиро ифодагари роҳи таърихии халқи

Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ дониста гуфтанд: «Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишони сарсабзиву шукуфои, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистон соҳибистиқлол мебошад».

 

Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.

 

Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд.

 

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

 

Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

 

Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.

 

Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

 

Илова бар ин, ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида, ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад.

 

Бо мақсади мукаммалгардонии қонунгузории амалкунанда 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро муқаррар менамояд. Бо ин қонун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 ноябри соли 1992 аз эътибор соқит карда шуд.

 

Инчунин бояд қайд намуд, ки шаклу андозаи Парчам дар асоси «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 декабри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.

 

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиши, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.

 

Вобаста ба ин, бояд як нуктаро хотирнишон сохт, ки ҳар яки мо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқатро ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бояд дар зеҳну шуури фарзандонамон аз синни кӯдакӣ тарбия намоем, зеро рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам таҷассумгари гузаштаи пурифтихори таърихӣ ва ояндаи дурахшони халқамон мебошанд.

 

Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.

 

Ҳамчунин, хотиррасон бояд кард, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бошад.

 

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон зери парафшонии Парчами давлати худ барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - сивупанҷсолагии истиқлоли давлатӣ саъю талош карда, ҳадафҳои бузургу созандаро амалӣ месозанд.

 

Дар ин раванд, Парчами давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад ва ба мо дар ҷодаи ободониву созандагии сарзамини аҷдодиамон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

 

Итминони комил дорам, ки мо кулли кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, тақвияти иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва шаҳрванд, ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва баланд бардоштани мақому обрӯи он раванди созандагиву бунёдкориро бо парафшонии Парчами миллӣ вусъати бештар мебахшем.

 

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ