Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Иштироки ҳайати кормандони Агентӣ дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия

 

       Рӯзҳои 10 -11 июли соли 2019 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи панҷуми Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор гардид, ки дар он Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ва 5 нафар кормандони мақомот иштирок намуданд.

     Дар ҷаласаи мазкур ғайр аз ҷониби Тоҷикистон, инчунин роҳбарони мақомоти ваколатдор дар самти муқовимат ба коррупсияи 6 давлат, аз ҷумла Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон - Давтян Артур Саркисович, Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус - Конюк Александр Владимирович, Прокурори генералии Федератсияи Россия - Чайка Юрий Яковлевич, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон - Джамшитов Откурбек Асилбекович ва Раиси Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оиди муқовимат ба коррупсия - Шпекбаев Алик Жаткамбаевич ширкат варзиданд.

     Ҷаласаи навбатии Шӯро фарогири якчанд масъалаҳо буда, дар рафти он таҷрибаи давлатҳои аъзои Шӯро дар самти мубориза бо коррупсия, ҳолати иҷрои қарорҳои Шӯро аз 2 июли соли 2018, Барномаи байнидавлатии чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои 2014-2018 ва 2019-2023, нақшаи кори Шӯро барои нимсолаи дуюми соли 2019 ва нимсолаи якуми соли 2020, макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус - Конюк Александр Владимирович ба ҳайси Раиси Шӯро барои солҳои 2019-2020 интихоб гардид.

    Инчунин қарори Шӯро оиди баргузории озмуни навбатии байналмилалии таблиғи иҷтимоии зиддикоррупсионӣ таҳти унвони “Вместе против коррупции!” қабул гардида, давлатҳои аъзо ва иштирокчиён муваззаф гардиданд, ки дар ҳамбастагӣ бо Прокуратураи генералии Федератсияи Россия чорабинии мазкурро ташкил намоянд.

   Зимни муколамаҳо дар ҷараёни чорабинӣ раисикунанда ва аъзоёни Шӯро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷонибҳо барои таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

     Дар маҷмуъ, чорабинии мазкур дар муҳити дӯстона, руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоднокӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардида, таҷрибаи беҳтар ва муваффақи давлатҳои аъзо ва иштирокчиён дар амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии кишвар истифода хоҳад шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.