Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Ифтитоҳи бинои хобгоҳ ва майдончаи варзишӣ дар Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

 

     Ҳукумати мамлакат зери ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз давраи таъсисёбии мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз барои беҳсозии шароити зиндагиву хизматии ҳайати шахсӣ эътибори хосса зоҳир менамояд.

         Бо дарназардошти он ки фароҳам овардани шароити мусоид омили асосии самаранокии фаъолияти кормандон ба ҳисоб меравад, бо ин мақсад ҳамасола дар Агентӣ биноҳои корӣ мавриди таъмиру таҷдид қарор дода шуда, кормандон бо шароити хуби корӣ, утоқҳои муҷаҳҳаз бо тамоми техникаҳои замонавӣ таъмин гардида, фаъолият карда истодаанд.

         Бо ин мақсад дар арафаи ҷашни «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» санаи 26 июни соли 2019 аз ҷониби Директори Агентӣ, генерал-майори адлия  Султонзода Сулаймон Саид дар вазъияти тантанавӣ дар ҳудуди бинои Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон хобгоҳ барои кормандон ва майдончаи варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

         Хобгоҳи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввали он барои кормандон ошхона бунёд карда шудааст. Бинои мазкур пурра бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истиқомати 12 нафар кормандон пешбинӣ гардидааст. Бо ба истифода додани майдончаи варзишии замонавӣ кормадон имкон пайдо мекунанд, ки минбаъд берун аз вақти корӣ мунтазам ба машқу тамрин ва обу тоби ҷисмонӣ машғул шаванд.

         Бояд тазаккур дод, ки тамоми корҳои сохтмонии бино ва майдончаи варзишӣ, вобаста ба сохтмон, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва насби таҷҳизотҳои варзишию истироҳатӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи марбута бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ дар асоси лоиҳаи тасдиқгардида ба анҷом расонида шудааст.

         Дар расми ифтитоҳи бино ва майдончаи варзишӣ Директори Агентӣ, генерал-майори адлия Султонзода С.С. кулли кормандони Раёсат ва иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ба муносибати ифтитоҳи бинои хобгоҳ ва майдончаи варзишии замонавӣ самимона табрик намуданд.



 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.