Тасарруфи музди меҳнати кормандони Донишкада

 

Ҳотамова Нодира Азимджановна дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муҳосибони донишкадаи мазкур Каримова Ф. А., Абдуллоев М. Р. ва Боймуратова Р.Ф. ҷинояи азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир кардаанд.

Чунончӣ, номбурагон бо истифодаи мақоми хизматӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 1079370,77 сомониро тасарруф намудаанд.

Дар ин асос, нисбати Ҳотамова Нодира Азимжоновна ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан