Мулоқоти директори Агентӣ бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус

12 июни соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Швед Андрей Иванович мулоқот намуд.

 

Аснои вохӯрӣ ҳайати расмии Агентӣ аз шароити кории кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус шиносоӣ пайдо карда, дар идома рафти иҷрои муқаррароти “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Ҷонибҳо дар доираи Созишномаи болозикр ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ диққати махсус зоҳир карда, аз ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ       

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ