Notice: Object of class stdClass could not be converted to int in /var/www/anticorruptiontj/data/www/anticorruption.tj/modules/mod_gruemenu/tmpl/default.php on line 279
Гуфтаҳо :

Гирифтани пора барои пардохт намудани маблағи фарқияти фанҳо

 

Дар раванди баррасии маводҳои ҷамъовардашуда нисбати декани факултаи “Корҳои тиббӣ-ташхисӣ”-и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» Турсунов Муҳамад Абдуалимович муайян карда шуд, ки номбурда моҳи ноябри соли 2017 аз донишҷӯи факултаи “Корҳои тиббӣ-ташхисӣ” шаҳрванд “А” барои пардохт намудани маблағи фарқияти фанҳо 2000 сомонӣ талаб карда гирифта, аз ин миқдор 772 сомониро ба хазинаи колеҷ супорида, боқимонда маблағи 1228 сомониашро тасарруф намудааст.
Дар баробари ин, Турсунов М.А. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, такроран аз донишҷӯ “А” барои гирифтани санҷишу имтиҳонҳояш маблағи 2500 сомонӣ талаб намуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур санаи 25 сентябри соли 2018 нисбати Турсунов М.А. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз донишҷӯ “А” гирифтани маблағи 2500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Турсунов М.А. аз ҷониби Агентӣ ба анҷом расонида шуда, он барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
 

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.