Notice: Object of class stdClass could not be converted to int in /var/www/anticorruptiontj/data/www/anticorruption.tj/modules/mod_gruemenu/tmpl/default.php on line 279
Гуфтаҳо :

Гирифтани пора барои ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба манзили истиқоматӣ

Санаи 15 октябри соли 2018 шаҳрванд “А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат намуд, ки нисбати адвокати Коллегияи адвокатҳои “Адл”-и шаҳри Душанбе Исроилова Жанна Ҷалоловна чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда барои ба манфиаташ ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба манзили истиқоматӣ, ки дар суди шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ давоми соли 2014 маблағи 8300 доллари ИМА-ро гирифта, ба манфиаташ ягон амалро иҷро накардааст.
       Илова бар ин, Исроилова Ж.Ҷ. ба ин амали ҷиноятии худ қонеъ нагашта, кирдорҳои қаллобонаи худро давом дода, боз аз шаҳрванд “А” овардани маблағи 2500 доллари дигар талаб карда, аз ин миқдор санаи 15 октябри соли 2018 маблағи 5000 сомонӣ гирифта, оварда додани боқимонда 2000 долларро талаб намуд.
       Дар ин хусус санаи 17 октябри соли 2018 нисбати Исроилова Жанна Ҷалоловна бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ Исроилова Ж.Ҷ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани боқимонда маблағи 2000 доллари ИМА дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исроилова Ж. дар арафаи анҷомёбист.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.